Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон таҳти унвони “Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷмӯае нашр кард, ки дар он доир ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар маълумот дода мешавад. "Азия-Плюс" бо истифода аз ин маҷмӯа чанд мушкилоти асосии минтақаҳои Тоҷикистонро ёдоварӣ мекунад.

 

1. Нобаробарии рушди иқтисодӣ

Рушди нобарорбари иқтисоди Тоҷикистон яке аз мушкили асосии ҷумҳурӣ буда, байни минтақаҳои гуногун фарқият мегузорад.

Коршиносон зикр мекунанд, ки имконоти иқтисодии минтақаҳо ба як қатор омилҳо, аз ҷумла махсусиятҳои қаламрав, теъдоди аҳолӣ, захираҳои инсонӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст, .

Масалан, тибқи маълумоти соли 2023, дар вилояти Суғд 65 корхонаи хурду миёна ба фаъолият оғоз намуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар вилояти Хатлон сарфи назар аз зичии баланди аҳолӣ, шумори чунин корхонаҳо ҳамагӣ 42-то аст.

Ҳамчунин ба инобат гирифтани мушкилоти марбут ба маблағгузорӣ низ муҳим аст, зеро норасоии захираҳои молиявии дохилӣ ва беруна ба амалисозии бисёре аз ташаббусҳо монеа эҷод карда, ба боздоштан ё ба таъхир гузоштани онҳо ба муҳлати номуайян боис мегардад.

Коҳиши захираҳои табиӣ бар асари рушди иқтисод низ имконоти минбаъдаи рушдро маҳдуд карда, нобаробариро зиёдтар месозад.

Мушкилоти марбут ба рушди минтақаҳо ҷиҳати тағйироти самаранок дар иқтисод ва ноил гардидан ба рушди баробари кишвар монеъаҳои назаррас эҷод мекунанд.

Ба ақидаи номзади илм Алишер Сафаров аз Донигоҳи миллии Тоҷикистон, барои рафъи ин нобаробариҳо таҳияи сиёсати давлатии самараноки минтақавӣ зарур аст, ки дар он имконот ва махсусиятҳои ҳар як минтақа, инчунин таъмини тақсимоти бештар баробари захираҳо ва сармоягузорӣ ба инобат гирифта шавад.

Акнун ба маълумоти оморӣ оид ба ҳаҷми саноат дар соли 2023 назар меандозем. Дар ин сол ҳаҷми саноати Тоҷикистон 46,857 млн сомониро ташкил дод.

Дар истеҳсолот саҳми вилояти Суғд зиёд аст - 55.89% (26,188 млн сомонӣ). Дар Хатлон ин ҳаҷм 25.27% (11,841 млн) ва дар Душанбе - 9.1% (4,265 млн)-ро ташкил дод.

Саҳми шаҳру навоҳии зерин назаррас аст:


Шаҳру навоҳии дигар, аз қабили Ваҳдат, Регар, Хуҷанд, Истаравшан, Норак, Данғара ва Ёвон низ ба ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ саҳми худро гузоштанд.

Дар дигар ноҳияҳо истеҳсолоти саноатӣ хеле қафомонда аст.    

Кони ангишт
Акс аз Вазорати саноат

 

2. Зичии зиёди аҳолӣ ва сарборӣ ба зерсохтор

Тоҷикистон ба мушкили зичии зиёди аҳолӣ дучор аст, ки ба зерсохтор, бахусус шаҳрҳои сераҳолӣ сарбории ҷиддӣ меорад.

Сокинони Душанбе
Сурат: nashaniva.com

Мувофиқи гузориши Бонки осиёии рушд, Тоҷикистон ба як қатор мушкили марбут ба зичии аҳолӣ дучор буда, яке аз мушкили калидии он - сатҳи пасти шаҳришавии кишвар аст, ки айни замон ҳудуди 27% (соли 2020)-ро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро ба камтарин давлати шаҳришудаи минтақаи Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки то соли 2050 ҳиссаи аҳолии шаҳр то 43% аз теъдоди умумӣ боло рафта, ин ба афзоиши босуръати зичӣ дар шаҳрҳо, бахусус дар пойтахт оварда мерасонад.

Бино ба маълумоти Агентии омор дар соли 2023, дар ҳоли ҳозир зичии аҳолии Душанбе 6213 нафар ба 1 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мушкилоти марбут ба ин аз маҳдудияти манзили дастрас, норасоии ҷойҳои корӣ ва суръати пасти рушди саноатӣ иборатанд, ки имконот баҳри беҳбуди сифати ҳаёт дар шаҳрҳоро маҳдуд мекунанд.

Сарбории зиёдтарро шаҳрҳое чун Бохтар ва Хуҷанд эҳсос мекунанд, ки дар онҳо сатҳи зичии аҳолӣ тибқи маълумоти соли 2022, мутаносибан ба 4873 ва 4972,5 нафар ба 1 километри мураббаъ расидаанд.

Ин нишондиҳандаҳо аз сатҳи баланди шаҳришавӣ ва мутамарказ шудани аҳолӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини бузург гувоҳӣ медиҳанд.

Аҳолии Тоҷикистон

Зичии назарраси аҳолиро дар дигар шаҳру навоҳӣ низ метавон мушоҳида кард:


Ин ҳамчунин ба сарбории зиёд ба соҳаи нақлиёт, зерсохтори коммуналӣ ва бахши иҷтимоӣ боис мегардад.

Тоҷикистон дар маҷмӯъ 29,1 наф./км² зичии аҳолӣ дошта, дар ҳамин ҳол, 70,9%-и аҳолии он дар шаҳрҳо ва 29,1% дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Дар Суғд зичии аҳолӣ 24 наф./км²-ро ташкил дода, 76%-и аҳолӣ дар манотиқи деҳот иқомат доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ зичии аҳолӣ боз ҳам пасттар - 14,8 наф./км² буда, дар ҳамин ҳол, 85,2%-и аҳолӣ дар деҳот мутамарказ шудааст.

Вилояти Хатлон 17,9 наф./км² зичии аҳолӣ дошта, 82,1%-и мардум дар манотиқи деҳот ба сар мебаранд.

Дар ВМКБ зичии аҳолӣ ба 17,1 наф./км² баробар буда, 82,9%-и аҳолӣ дар шаҳрҳо ва 17,1% - дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

 

3. Вобастагӣ ба бахши кишоварзӣ

Дар Тоҷикистон зиёда аз 80%-и аҳолӣ дар бахши кишоварзӣ машғули коранд, ки иқтисоди минтақаро нисбати хавфҳои иқлимӣ хеле осебпазир месозанд. Коҳиши заминҳои кишт, поинравии иқтидори харидории аҳолӣ, вобастагӣ ба воридот ва технологияҳои кӯҳнашуда таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устуворро зери таҳдид мегузоранд.

Сурат: Asia-Plus

Офтаҳои табиӣ, аз қабили хушксоливу обхезӣ ва заминларза вазъро мушкилтар сохта, Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар осебпазири ҷаҳон табдил додаанд. Барои рафъи таҳдиду хатарҳо ислоҳоти бузургмиқёс, аз ҷумла ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ ва тавсеъаи бозори фурӯш зарур аст.

Соли равон заминҳои кишти зироатҳо дар ҷумҳурӣ 861 458 гектарро ташкил медиҳанд, ки 280 318 гектараш дар вилояти Суғд, 434 315 гектар - дар вилояти Хатлон, 134 058 гектар - дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷойгиранд.

Тоҷикистон инчунин ба хатарҳои ҷиддии экологӣ дучор аст, аз ҷумла зиёдшавии ҳамасолаи хушксолиҳо ва таназзули заминҳо. Тибқи маълумоти СММ, 47%-и қаламрави он ба дараҷаҳои гуногуни хушкшавӣ осебпазир аст.

Чунин тағйирот ба мушкилоти назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боис мегарданд, аз ҷумла ба бахши кишоварзӣ, ки сарчашмаи аосии даромад барои аҳолии деҳоти минтақа аст, хатар эҷод месозанд.

Дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 30%-и заминҳо дар ҳолати бад қарор доранд, муҳоҷирати сокинони деҳот ба падидами назарраси иҷтимоӣ табдил ёфт. Тақрибан 10-15% аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҳамасола ба дигар кишварҳо, бахусус Русия мераванд.

 

4. Мушкили норасоии омӯзгор

Мактаби деҳа
Сурат: Asia-Plus

Тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон дастрасии маҳдуд ба таълими хушсифат, бахусус дар ноҳияҳои дурдасти деҳоти кишвар  яке аз мушкилҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2,3 млн хонанда ба қайд гирифта шуда, сарфи назар аз талошҳои назарраси давлат, вазъи марбут ба таъмин бо теъдоди кофии омӯзгорони ҳирфаӣ душвор боқӣ мемонад.

Теъдоди омӯзгорон дар Тоҷикистон 127,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ин чунин маъно дорад, ки ба ҳар як омӯзгор ба ҳисоби миёна 17,8 хонанда дар саросари кишвар рост меояд.

Лекин фарқияти байни таносуби хонандагону омӯзгорон дар митақаҳои гуногун ба таври назаррас мухталиф аст.


Норасоии омӯзгорон ва сарбории зиёд ба як муаллим барои таъмини таълими хушсифат монеаҳо эҷод месозанд.

Дар ноҳияҳои дурдасти кишвар аксаран ба мушкилоти марбут ба зерсохтори нокофӣ ва дастрасии маҳдуд ба маводи муосири таълимӣ ва технологияҳо дучоранд.

Ин ба сифати таълим ва он дар навбати худ ба насли оянда таъсири манфӣ расонида, рушди ҳамаҷониба ва гирифтани дониши зарурӣ барои ҳаёт ва касби муваффақона ба онҳоро халалдор месозад.

Тибқи маълумоти вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, давоми соли хониши 2024-2025 шумори муассисаҳои таълимӣ дар кишвар 4037 ададро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, то моҳи октябри соли 2024 дар Тоҷикистон 314 бинои муасисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд.

Ин вазъ мушкили дастрасӣ ба таълими хушсифатро боз ҳам амиқу душвортар месозад.

 

5. Дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ 

Беморхонаи сироятӣ дар Ҳисор
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба 10,3 млн нафар аҳолӣ 20 644 табиб рост меояд ва ин маънои онро дорад, ки 1 табиб ба ҳисоби миёна 498,5 нафар беморро муолиҷа мекунад.


Дар робита ба ҳайати кормадони миёнаи тиббӣ бошад, дар Тоҷикистон теъдоди умумии онҳо 57 579 мутахассисро ташкил дода, ин чунин маъно дорад, ки ба 1 мутахассис 178,7 бемор рост меояд.


Дар Тоҷикистон ба сурати умум шумори катҳо барои беморон 42 836 ададро ташкил медиҳад, ки ба 1 кат барои 240 нафар мувофиқ аст.

Дар Душанбе вазъ беҳтар аст. Ин ҷо ба 161,6 нафар 1 кат рост меояд, ки аз сатҳи бештар баланди дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба 1 кат 364,1 нафар, Суғд - 187,1 нафар, Хатлон - 321,3 нафар ва ВМКБ - 115,7 нафар рост меояд.

Ин гувоҳи он аст, ки дар минтақаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон шумори катҳо бамаротиб камтар аст. Ин барои аҳолӣ ҷиҳати дастрасӣ ба кумаки тиббӣ душвориҳои назаррасро пеш меорад.

 

6. Дастрасии маҳдуд ба нерӯи барқ

Дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол реҷаи маҳдуди истифодаи барқ амал мекунад
Сурат: ТАСС

Дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мушкили таъмин бо нерӯи барқ, бахусус дар фасли зимистон хеле шадиду ҷиддӣ аст.

Аз 22 сентябри соли 2024 дар кишвар реҷаи маҳдуди интиқол (лимит)-и барқ барои аҳолӣ ҷорӣ шуд, ки ба афзоиши талабот дар пасманзари шароити обҳаво вобаста аст.

Ин мушкил барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон якхела мебошад. Дуруст аст, ки дар минтақаҳои дурдасттарин барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон нисбат ба лимит камтар интиқол меёбад. Имсол ҳолатҳое буданд, ки сокинон ҳамагӣ 6 соат ва камтар аз он дар як шабонарӯз барқ мегирифтанд. Дар баъзе минтақаҳо дар рӯзҳои ҷудогона нерӯи барқ танҳо се соат интиқол дода мешуд. 

Бино ба маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, ин тадбирҳо маҷбурианд, зеро дар фасли зимистон воридшавии об ба обанбори "Норак" аз пиряхҳо, ки аз онҳо ғизо мегирад, даҳҳо баробар кам мешавад.

Ба сифати ҳалли имконпазири ин мушкилот рушди неругоҳҳои барқи обии хурд, инчунин ҷорисозии кори неругоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ, ки вазъро дар оянда метавонанд босубот кунанд, мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

7. Муҳоҷират

Як бозори мардикорон дар Тоҷикистон
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Яке аз мушкилоти калидии Тоҷикистон муҳоҷирати оммавии ҷавонон аз минтақаҳо ба хориҷи кишвар барои дарёфти кор маҳсуб меёбад, ки ба аз даст додани кадрҳои ҳирфаӣ боис мегардад.

Даромади ночиз, шароити номусоиди кор ва ришвахорӣ мутахассисонро маҷбур месозад, ки кишварро тарк кунанд.

Ғайр аз ин, низоми маорифи Тоҷикистон на ҳаамеша ба талаботи воқеии бозори кор ҷавобгӯ аст, зеро аксарияти хатмкунандагон ихтисосҳое мегиранд, ки ба он талабот нест ё мутахассисони ин касб хеле зиёданд.

Ин ба камбуди шадиди кадрҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва саноат, бахусус дар минтақаҳо оварда мерасонад, ки шароити кор дар он ҷойҳо нисбат ба пойтахт ба таври назаррас бадтар аст.

Барои рафъи ин мушкилот дар ҷумҳурӣ тадбирҳои дастгирӣ амалӣ мешаванд, аз ҷумла стипендияи “Дурахшандагон” ба донишҷӯёни болаёқат бо шарти баргаштан ба ватан имкон медиҳад, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм кунанд.

Ҳамчунин ба масъалаи рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва таълими касбӣ бо мақсади таҳкими иқтисод ва ҳавасмманд намудани ҷавонон барои кор дар ватан таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.