Муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он яке аз масъалаҳое, буд ки зимни ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия рӯзи 5-уми июн, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.
Аммо тафсилоти баррасии мавзӯи муҳоҷират ва мушкилоти он ироа нагардидааст.
Сомонаи ВКД-и Тоҷикистон менависад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир аз қабили терроризму эктремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвари дӯст барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои оперативӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд.
“Намояндагони масъули Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар зимни суханрониашон аз таъсиси чунин мушовараи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мушовараҳоро дар наздик намудани муносибатҳои пайвандӣ ва кории ду кишвар арзёбӣ намуданд”, - таъкид мешавад дар хабари сомонаи ВКД.
Пас аз анҷоми ҷаласа, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар чанд созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида, барои гуруҳе аз журналистон нишастӣ хабарӣ ташкил кардаанд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи якҷояи мазкур дар пасманзари боздошту латукӯби беасоси муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия баргузор мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои дихилӣ, прокурори генералӣ ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ, тақозо карданд, ки рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, ҳодисаҳо ба таври одилона таҳқиқ карда шавад.
Мақомоти Русия то ҳол сабабу омили боздошту латукӯби оммавии муҳоҷирони тоҷикро шарҳ надодааст.
Мумтоз, Шайнак, Казак и Ачик-дона из Таджикистана. А вам какой гранат нравится?
Харрис и Трамп: такими вы их никогда не видели
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Королю Испании. Там в наводнениях гибнут люди
COUNTER STRIKE и GTA, говорят, заставляют совершать преступления. На самом ли деле это так?
Университеты Китая, обучение в которых считается престижным
В Томске мигрант выбросил российский паспорт из-за необходимости встать на воинский учет
«Город – не «Тигровая балка». Кто и зачем вырубает деревья на проспекте Рудаки в Душанбе?
Казахстан ввел визу Neo Nomad для тех, кто работает «на удаленке»
Душанбинский «Истиклол» в 13-й раз стал чемпионом Таджикистана
«Brat». Словарь Collins English Dictionary выбрал слово 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста