Тереза Рибейро, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури озодии ВАО, ки 3 то 7-уми октябр бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, дар мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои гуногун аз ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз 4 рӯзноманигори се моҳи пеш боздоштшуда, изҳори нигаронии амиқ кардааст.
Дар изҳороте, ки имрӯз ин созмон нашр кард, Тереза Рибейро гуфтааст, “ман аз теъдоди зиёди хабарнигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон алайҳи онҳо хеле нигаронам. Чунин амалҳо ба кори мутахассисони ВАО дар Тоҷикистон сахт халал мерасонанд ва худсензураро ба вуҷуд меоранд”.
Тереза Рибейро аз он изҳори норозигии амиқ кардааст, ки журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба муддати 7,5 сол дар маҳбаси низомаш пурзӯр маҳкум карда шуд.
“Ман аз мақомот даъват мекунам, ки барои ҳама рӯзноманигорон дар кишвар шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд”, - гуфтааст ин намояндаи САҲА.
Ӯ таъкид кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд қонунҳои худро комилан ба меъёрҳои байналмилалии озодии ВАО мутобиқ созанд.
“Ман мақомотро ташвиқ мекунам, ки талошҳои худро дар ҳалли мушкилоти марбут ба ВАО мутобиқи ӯҳдадориҳои САҲА оид ба озодии ВАО афзоиш диҳанд. Тибқи ваколати худ, ман омодаам, ки ҳама гуна дастгирии заруриро пешниҳод кунам ва бо мақомот ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ВАО дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоям”, - афзудааст Тереза Рибейро.
Тереза Рибейро таъкид намудааст, ки озодии ВАО ҳамчун яке аз рукнҳои демократӣ барои некӯаҳволии ҳамаи кишварҳо ва ҷомеаҳо ниҳоят муҳим аст.
Ин намояндаи САҲА ҳамчунин бо муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар, муовини аввали Прокурори генералӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Миҷгона Бобоҷонзода мулоқот анҷом додааст.
Ҳамин тавр, Тереза Рибейро дар ин вохӯриҳо монеаҳои гуногуни озодии ВАО дар Тоҷикистон, аз қабили амнияти ҷисмонӣ ва ҳуқуқии рӯзноманигорон, ба вижа ба амнияти интернетии рӯзноманигорони зан, аккредитатсияи кормандони ВАО, дастрасӣ ба иттилоот, мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва терроризмро баррасӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки Тереза Рибейро бо рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи ВАО ва дипломатҳо мулоқот карда, масъалаҳои аз байн бурдани ҳар гуна маҳдудиятҳои озодии матбуотро низ ба миён гузоштааст.
Ёдовар мешавем, ки намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО раванди фаъолияти расонаҳоро дар ҳамаи 57 кишвари узви САҲА назорат менамояд. Ин намояндагӣ ҳамасола нақзи озодии баён ва озодии ВАО дар кишварҳои гуногунро пайгирӣ карда, ба риояи пурраи ӯҳдадориҳои САҲА оид ба озодии ВАО даъват менамояд.
12 программ для бесплатной учебы в CША, Японии, Великобритании, Германии и не только
Что стало с землей бывшего «Зеленого базара» в Душанбе?
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Тайны китайских праздников: от гонок на драконьих лодках до волшебных фонарей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста