Шоми 28-уми октябр ба тамошои нахустнамоиши филми “Дов”, ки бо роҳбарии Муҳиддини Музаффар, коргардони хушноми тоҷик таҳия шудааст, рафтам. Ба фарқ аз дигар филму намоишномаҳо, ба тамошои филми “Дов” огоҳона рафтам, чун дӯстони синамоӣ аз он ситоиш карда буданд.
Бо вуҷуди тарғиби зиёд ва даъвати оммавӣ толори кинотеатри “Ватан” пур набуд ва ҷузъиёте, ки он шом бандаро озурдахотир кард, ин беэҳтиромии тамошобинон нисбати филм, ҳунармандон ва аҳли ҳунар буд: филм пурра ба охир нарасида, тамошобинон осемасар толорро тарк карданд ва касе намехост, назарашро дар бораи филм бигӯяд ё таҳиякунандагону ҳанармандони филмро гӯш кунад. Баъдан, маълум шуд, ки ин ягона “мушкил” набудааст.
Бо ишора ба он, ки аз 1-уми ноябр филм ба намоиши умум гузошта мешуд, фикр кардам, шояд аз ин рӯ дар рӯзи нахустнамоиш толор пур нашуда бошад.
Вале нигаронии Суҳроби Зиё, рӯзноманигори тоҷик ва гилаи Муҳиддини Музаффар аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамо маҷбур кард, бардоштамро аз тамошои ин филм нависам.
Суҳроби Зиё аз камтаваҷҷуҳии аҳли зиё ба синамои тоҷик нигаронӣ кард ва гуфт, “ин нукта, ки ҳади ақал чаро мардуми рушанфикри мо алоқае ба тамошои филми сохтаи як ҳамватани худро надоранд, воқеан суолбарангез аст ва нишонае аз ояндаи норӯшани синамои миллии мост”.
Муҳиддини Музаффар, дар як навиштаи худ аз аҳли зиё, даъват кард, ки барои дастгирии соҳаи кинои кишвар бетараф набошанд.
Ӯ гуфт, ҳарчанд талош намуданд, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Конибодом, ки нахустнамоиш баргузор гардид, фазои синамоӣ созанд, вале кинотеатрҳо холӣ буд.
Воқеан, бо ишора ба муҳтаво, сабки филмбардорӣ, кори наворбардорӣ ва коргардонӣ, аз ҳама муҳим сохтани фазои солҳои 90-уми асри гузашта дар филми “Дов”, гилаи Муҳиддини Музаффар ва нигаронии Суҳроби Зиё бамаврид буд.
Дуруст аст, ки синамои тоҷик ба кундӣ рушд мекунад, мо филмноманавис ва коргардони ҳирфаии сатҳи ҷаҳонӣ надорем, вале ҳамаи ин наметавонад омили бетарафии ҷомеа, махсусан аҳли зиё нисбати синамо бошад. Бояд иқрор шуд, ки ҳар сол як ё ду филми нисбатан тамошобоб ба навор гирифта мешавад, аммо бо сабаби он ки фазоро филмҳои хориҷӣ ғасб кардаанд, тамошобин ба ин кинои тоҷик таваҷҷуҳ намекунад ва фикр дорад, филми тоҷик ҳамоно “Дон Жуан”-у “Мугамбо” аст...
“Дов” мебоист, ки ин ҳама андешаи ғалатро ботил месохт, чун онро метавон нафаси тозае ба синамои миллӣ хонд. Дар 3 соли охир мо дар ин сатҳ филме надоштем.
Кори коргардони саҳна хело олӣ аст. Ӯ моҳирона фазои солҳои 90-умро сохта, то охирин нукта ҷузъиётро дар ҷои худ гузоштааст ва рӯзҳои охири пошхӯрии замони Шӯравиро низ хуб нишон додааст.
Дар ин бобат Зеваршоҳи Муҳаммад, рӯзноманигор ва муаллифи чанд филми ҳунарӣ ва мустанад низ ишора карда, гуфтааст, ки “дар ҳар саҳнаи ин филм ман ҳолу ҳавои замони Шӯравиро ҳис мекардам. Аз ҷумла, кор дар корхонаҳои истеҳсолии Шӯравӣ, сару либоси қаҳрамонҳо, мошинҳои замони шуравӣ бо рақами давлатии он солҳо, почта ва сӯҳбати телефонӣ, велосипед - ягона имкони дастрас барои мардум дар он солҳо, зарфу ҷиҳози хона ва шиору овезаҳо, ҳама чиз сари ҷояш буд”, - навиштааст Зеваршоҳи Муҳаммад.
Дар баробари ин, нақшофарии натанҳо ҳунармандони марказӣ Қаҳҳор (А. Шарифов) ва Маннон (С.Шукурзода), балки қаҳрамонони дуввумдарҷа низ барҷаста буд. Махсусан, саҳнаи ҳашар, ки аз баҳси лафзӣ оғоз шудаву бо ҷанг хотима меёбад. Ин саҳна бисёр ҳирфаӣ сабт шудааст ва тамошобин гумон мекунад, ки ҳунармандон воқеан ҳамдигарро мезананд. Наворбардор тавониста, ки ин саҳнаро моҳирона сабт намояд ва ҳамаи ширкаткунандагони муноқишаро дар як кадр ғунҷонад.
Саҳнаи баромади Қаҳҳору Маннон дар тӯйи арусиву домодӣ, ҳамчун овозхон низ далели он аст, ки барои таҳия ва омодагии ин саҳна кори бузурге анҷом дода шудааст. Навиштани номи навхонадорон дар гилем, ороиши саҳнаи баргузории туй ва хони хоксорона тамошобинро ба ёди он рӯзҳо мебарад ва воқеияти он замонро бозгӯ мекунад.
Истифодаи қатора ва аз пой афтодани Қаҳҳор дар охири роҳи оҳан ба бинанда рамзу ишораҳое мегузорад, ки ҳар кас вобаста ба салиқаву донишаш онро дарк мекунад.
Фикр мекунам, муваффақияти асосии филм хати ягонаи достон ё сюжети он аст, ки ҷое шикаста намешавад. Ҳамчунин, филм ҷамбасти мантиқӣ низ дорад, ки мутаассифона дар филмҳои каблии тоҷикӣ кам дида мешуданд. Дар чанд филми ахири тоҷикӣ бо баҳонаи “хулоса аз тамошобин” филмҳо нотамом боқӣ мемонданд, ки ин низ хуб нест.
Дар баробари ин, филм аз камбудиҳо низ орӣ нест ва яке аз онҳо торикии аз ҳад зиёд аст. Ҳудуди 60 дарсади ҳодисаҳо дар шаб рух медиҳанд, аммо коргардон ва наворбардор саҳнаҳоро дар шакли умумӣ нишон додаанд, ки дар ин ҳолат ҳунармандон дида намешаванд.
Ин ишораро Саъдӣ Ворисов, рӯзноманигори тоҷик низ эҳсос карда, навиштааст, ки торикии филм каме зиёд буд, вале ишқи филмсоз ва тавонмандии ҳунармандони тоҷик бармало дида мешуд.
“Омӯзанда аст. Тарбиявист. Дӯстии мардонаеро ба тасвир мекашад, ки аз миёни обу оташи санҷишҳо мегузараду то поёни хат содиқ мемонад. Наҳсии лотореябозӣ ва саҳнаҳои зебову хандадори ҳаҷвӣ ҳам дар лобалои филм ҷой доранд. Ба лиҳози фаннӣ манзараҳову гардишҳои ҷолиб дорад”, - гуфтааст ӯ.
Аслиддин Низомов бошад дар баробари чанд муваффақияти филм, аз истифодаи бемавриди мусиқӣ интиқод кардааст. Ба андешаи ӯ суруди "Ман рӯйи туро дидаму дилдода шудам" (оҳанги З.Шаҳидӣ) дар иҷрои якҷои Қаҳҳор ва Маннон бемаврид истифода шудааст, чун он суруди ишқӣ-лирикӣ мебошад.
“Дар ҷойи дигар низ порчае аз таронаҳои Акашариф Ҷӯраев бемавқеъ истифода шудааст, яъне ин оҳангҳо танҳо характери ороишӣ доранд ва бевосита ба мушкилкушоии мазмун иртибот пайдо накардаанд. Дар сурати зарурат аз услуби "ретро" истифода бурдан дурусттар мебуд, ки рамзи дӯстии қаҳрамононро ифода мекарданд”, - гуфтааст ин фарҳангшиноси тоҷик.
Аслиддин Низомов, филми “Дов”-ро муҳорибаи нафс бо виҷдон номгузорӣ карда навиштааст, “дар тӯли тамошои филм эҳсос карда мешавад, ки коргардон моҳирона ва бо дониши комили услубҳои мухталифи кинематография тавонистааст муборизаи нафсро бо виҷдон, нақдгузории арзишҳои волои маънавиро бо эҳсосоти рӯзмарра аз қабили майл бо молу мулк таҳлил ва хулосабарорӣ намояд”.
Ба навиштаи ӯ, Муҳиддини Музаффар хеле эҳтиёткорона ва бо нуктасанҷии том бозигарони нақшҳоро интихоб намудааст ва дақиқан аён мегардад, ки маҳорати волои иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ барои кушодани мақсаду мароми коргардон ва бунёди фазои пуртаъсири драмавӣ саҳми бузург гузоштаанд.
“Дар экран чандид карат чеҳраи Қаҳҳор (А. Шарифов) бидуни матн пайдо мегардад, ки дар он табассум ва ғусса тавъам нишон дода шудаанд ва ин кашфи бузурги режиссёр ва актёр ба шумор меравад, зеро шодиву ғамро дар як нигоҳ тасвир намудан кори осон нест”, - навиштааст Аслиддин Низомов.
Дар умум, “Дов” филмест воқеан диданӣ ва босифат. Муҳимтар аз ҳама, ин филм ба ҳар нафаре, ки умедашро аз кинои тоҷик канда буд, умеди тоза медиҳад: Кинои тоҷик маҳв нашудаву ҳоло зинда аст ва дар сурати дастгирӣ ва бетараф набудани ҷомеа он метавонад дар оянда манзалати аслии хешро барқарор намояд.
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста