Сокинони Душанбе дар 15 соли охир бо харҷи 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомонӣ 144 ҳазору 640 маъракаи тую азодорӣ баргузор кардаанд. Дар ин бора, зимни ҳамоише, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи амали қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим (аз моҳи июни соли 2007 то 9 моҳи соли 2022) дар ҳудуди пойтахт 14 ҳазору 575 маъракаи хатнасур, 98 ҳазору 747 тӯйи домодию арӯсӣ, 16 ҳазору 974 маъракаи чил ва 14 ҳазору 343 маъракаи сол гузаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки барои баргузории ин маъракаҳо 40 ҳазору 023 сар чорвои калон ва 7 ҳазору 462 сар чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 144 ҳазору 640 ададро ташкил медиҳад.
“Хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад”, - зикр шудааст дар ҳамоиш.
Масъулини нишаст гуфтаанд, ки давоми 15 сол аз ҷониби масъулин 902 ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросим ошкор гардидааст.
“Бо қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, Тоҷикистон ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод”,- қайд шудааст дар нишаст.
Ҳамин тариқ, дар 15 соли охир 412 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ ва 6 ҳазору 790 хатнасури хайриявӣ баргузор карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳадафи он сарфи харҷи маъракаи аҳолӣ аст. Тарафдорони қонун бар ин назаранд, ки он тавонист маъракаҳои пуродабдаба ва исрофкории бархеро пешгирӣ намояд.
Дар ҳамин ҳол, мухолифони ин қонун мегӯянд, аҳолӣ вобаста ба шароиташ бояд маърака орояд ва ин қонун навъе аз маҳдуд кардани озодиҳои онҳо мебошад.
Ҳамчунин, барои нақзи ин қонун ҷарима таъин шудааст ва ҳамасола даҳҳо нафар барои нақзи ин қонун садҳо сомонӣ ҷарима мешаванд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 октября 2024 года
12 программ для бесплатной учебы в CША, Японии, Великобритании, Германии и не только
Что стало с землей бывшего «Зеленого базара» в Душанбе?
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста