Моҳи апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин рух дод. Нерӯҳои низомии ду кишвар дар пайи баҳси тӯлонии марзӣ, вориди задухӯрд шуданд, ки аз ҳар ду ҷониб куштаву захмӣ ба ҷо гузошт.
Баъдтар, 16-17-уми сентябри соли 2022 бори дигар нерӯҳои низомии ду кишвар вориди даргирӣ шуданд. Ин маротиба низоъ шадидтар ва теъдоди қурбониёну захмиён низ бештар буд.
Ҷамъан, дар ин ду низоъи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 нафар куштаву садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар баробари ин, сокинони маҳалҳои наздимарзӣ ба мушкили зиёд гирифтор шуданд. Дар шабу рӯзи низоъ онҳоро ҳисси хатару навмедӣ фаро гирифта буд. Онҳо ба маконҳои бехавф ва дуртар аз муноқиша паноҳ бурданд, аммо бо ин ҳам, қисме аз эшон натавонистанд амнияти худу наздиконашонро пурра таъмин намоянд.
Хонаҳои қисме аз онҳо вайрон шуду қисми дигар азизтарин шахсони худро аз даст доданд. Дар умум, ин даргириҳо зиндагии аксари сокинони наздимарзиро куллан тағйир дод.
Ҳоло аксари хонаҳое, ки вайрон шуданд ё зарар дида буданд, аз нав барқарор гардидаанд, аммо кушташудагон чун доғе дар қалби сокинон боқӣ мондааст.
Маҳз ҳамин захмҳо афкори онҳоро то ҳол парешон нигоҳ доштааст. Бо гузашти як сол аз муноқишаи аввали марзӣ ва шаш моҳ аз задухӯрди дуюми марзӣ дар соли 2022, то ҳол бисёре аз сокинони наздисарҳадӣ эҳсоси хатар мекунанд.
Зиндагӣ бо эҳсоси тарс
Онҳо мегӯянд, хонаҳояшон сохта шуд ё таъмир гардид, аммо амнияти кафолати кулл вуҷуд надорад, зеро баҳси марзӣ то ҳол пурра ҳаллӣ худро наёфтааст. Маҳз ин номуайянӣ сокинонро дар изтироб андохтааст.
Мавлуда Аббосова, як сокини деҳоти Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар низои ахири марзӣ шавҳари худро аз даст дод. Шавҳари ӯ дар пайи таркиши мушаки партобкардаи сарбозони Қирғизистон дар хонаи истиқоматии худ ба ҳалокат расид.
“Мо дар хона будем ва бовар надоштем, ки хонаҳои сокинони осоишта мавриди ҳамла қарор мегиранд. Мутаассифона, соддагӣ кардем ва дар пайи таркиш шавҳарамро аз даст додам”, - мегӯяд Мавлуда Аббосова.
Ин зан мегӯяд, ҳамсараш ягона таъминкунандаи хона буд ва ҳамакнун ӯ бо 3 духтараш ба душворӣ чархи зиндагиро пеш мебарад.
“Ҳоло хонаамон сохта шудааст, аммо аз зиндагӣ дар он ҳарос дорем. Диламон ором нест ва ҳамеша бо эҳсоси он ки ҳамин лаҳза боз низоъ сар мешавад ё мушак метаркад, зиндагӣ мекунем”, - зикр мекунад Аббосова.
Бо ин ҳам, ин зан ба ояндаи нек умед мебандад ва мегӯяд, бигзор баҳсҳо зудтар ба анҷом расидаву дигар низоъ нашавад.
Камолиддин Собиров бошад, то оғози низои охири марзӣ дар мактаби №64-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дарс медод. Дар ҷараёни муноқишаҳо ӯ низ баъди таркиши мушак ҷароҳат бардошт ва то ҳол дар бистари беморӣ хобидааст.
“Ҳоло наметавонам ба кор равам. Зиндагиям ҳам душвор шудааст. Бар замми ин, ба хонаи худам дар деҳаи Сомониён ҳам рафта наметавонам, зеро хатари такрор шудани муноқишаҳо ҳоло ҳам боқӣ мондааст”, - мегӯяд Камолиддин Собиров.
Ҳоло ӯ дар маркази Чоркӯҳ, дар хонаи падар зиндагӣ мекунад.
Аксари сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ин хавотириро доранд. Ҳарчанд, на ҳамаи онҳо ҳозир мешаванд, ки бо зикри номи худ андешаҳояшонро ба расонаҳо иброз кунанд, аммо дар суҳбати бидуни сабт таъкид менамоянд, ки воқеан чунин як эҳсоси номуайянӣ ва хатарро доранд.
6 км то мактаб. Волидон дар ташвишанд
Сокинони деҳаи Сомониён мушкили дигар низ доранд. Ин ҳам бошад, дурии роҳи мактаб аст. Мактаби деҳа дар муноқишаи низомии ахир дар пайи партофти мушак ба коми оташ рафт. Ҳоло он пурра таъмир нашудааст, аз ин сабаб, хонандагони мактаб аз ин деҳа маҷбуранд, ки 6 километр роҳро тай карда, ба деҳаи Чоркӯҳ раванд.
Як сокини деҳаи Сомониён бидуни зикри номи худ гуфт, ки дар пайи муноқишаҳо ва афзоиши хатар, маҷбур шуданд, нақлиёти ҷамъиятии деҳаро барои ба мактаб бурдан ва аз он ҷо овардани хонандагон муваззаф намоянд.
“Аммо хонанда зиёду дар нақлиёт ҷойи кофӣ нест. Онҳое, ки намеғунҷанд, маҷбуранд пиёда 6 километр роҳро тай карда, ба мактаб раванд. Мо аз дарозии роҳ он қадар дар ташвиш нестем, балки аз хатари бо нохушие рӯбарӯ шудани фарзандонамон нигаронем”, - гуфт ин сокини деҳа.
Дар чунин вазъи номуайян ва таҳдиди хатар сокинони деҳаи Сомониён умед ба он доранд, ки баҳси марзӣ ҳарчи зудтар ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро меёбад ва амнияту осоиш ба хонадони онҳо бармегардад.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара яке аз маҳалҳои бештар зарардида дар пайи низои ахири марзӣ мебошад. Ба гуфтаи раҳбарияти ҷамоати Чоркӯҳ, дар деҳаи Сомониён ҳудуди 35 хона пурра тахрибу сӯхта шуда, ягона мактаби деҳа, ки дар он ҳудуди 300 нафар таҳсил мекарданд, низ вайрон шудааст.
Оид ба оқибатҳои низои ахири марзӣ дар деҳаи Сомониён метавонед дар гузориши зерини “Asia-Plus” маълумоти бештар гиред.
Одиннадцать лет спустя. О таджикско-афганской границе снова вспомнили
Эмомали Рахмон предложил Саудовской Аравии создать совместный фонд для крупных инвестпроектов
Ассоциация малого и среднего бизнеса ФРГ откроет свое представительство в Таджикистане
В районе Балхи Эмомали Рахмон открыл новое родильное отделение
«Птице года» нужна защита. Почему в Таджикистане исчезает обыкновенная горлица?
FORMULA55 выделила дополнительные 100 000 сомони на призовой фонд суперлиги по футзалу
Ректора университета в Санкт-Петербурге обвинили в организации незаконной миграции
Вошла в историю. Таджикская дзюдоистка Виктория Киселёва выиграла золото Кубка Азии в Гонконге
The Washington Post: Трамп попросил Путина «не идти на эскалацию в Украине»
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 ноября 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста