Ҷасади полковники Ҳавзаи марказии ҳарбӣ Тағоймурод Қараевро, ки дар гурӯҳи неруҳои посдори сулҳи Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуд, дар Тоҷикистон ба хок месупоранд. Дар ин бора ба URA.RU дӯсти ҳамхизмати полковники фавтида хабар додааст.
“Ҷасади Қараев дар ватанаш ба хок супурда мешавад. Пеш аз ин ҷасадро ба Екатеринбург меоранд, то ки ҳамхизматон ва сокинони шаҳр бо ӯ видоъ карда тавонанд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Тағоймурод Қараев зодаи Тоҷикистон буда, дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия адои хидмат мекард. Ин пойгоҳ ба ҳайати Ҳавзаи марказии ҳарбӣ шомил аст.
Солҳои ахир полковник дар вилояти Свердловск ба ҳайси муовини командир оид ба кори тарбиявӣ дар бригадаи ҷудогонаи 29-уми ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ хидмат мекард.
«Ӯ марди меҳрубон, ростқавл, боодоб, як марди низомӣ буд. Софдилона хидмат карда, ба дӯстон беғараз кумак мекард. Ӯ барои сарбозон мисли падар буд”, - гуфтааст як ҳамхидматаш ба хабаргузорӣ.
«Бо ин гуна командир ҳоло вонахӯрда будам. Шикамро серу суҳбат ва кумак мекард. Бисёр вақт гузаштҳо мекард. Одами дилсӯз буд”, — изҳор доштааст дар бораи ӯ сарбози дигар.
Полковник Тағоймурод Қараев рӯзи 20 сентябр ҳангоми шиддат гирифтани вазъият дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуд. Он вақт як гурӯҳи нерӯҳои посдори сулҳи Русия мавриди оташ қарор гирифт. Дар робита ба марги сарбозони Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.