Тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон, моҳи октябр обуҳаво дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳо каме сард мешавад. Танҳо баъзан ҳарорати миёна 1 дараҷа баландтар аз меъёр дар назар аст, хабар доданд аз Агентии обуҳавошиносӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, боришот аз аввали нимаи дуюми моҳ пешбинӣ шудааст.
Нимаи аввали моҳ дар Душанбе, Ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон тағйирёбии ҳарорат дар водиҳо то 11-16 дараҷа ва рӯзона то 26-31 дараҷа гарм дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Баъзан пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани чангу ғубор ҳамроҳи он дар назар аст.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва аз меъёр кам пешбинӣ гардида, раъду барқ дар охири моҳи октябр аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳадди меъёр дар назар буда, дар водиҳо 12-14 ва дар кӯҳҳо - 9-12 дараҷа гарм мешавад.
Боришоти миқдори гуногун дар шимоли кишвар бештар дар нимаи дуюми моҳ имконпазир буда, дар баъзе ноҳияҳои вазиши шамол то 15-20 м/сония суръат мегирад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳарорати миёнаи моҳона 15-17 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар нимаи дуюми моҳ поинравии ҳарорат шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Боришот нимаи моҳ ва баъзан камтар аз меъёр дар назар аст.
Дар шарқи ВМКБ сардӣ меояд: нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳ поинравии ҳарорат шабона то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯйӣ мешавад.