Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон (ММТ) бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба донишгоҳу донишкадаҳоро эълон кард. Он аз 2 то 13-уми сентябр идома мекунад.

Ба иттилои Марказ, ин марҳилаи имтиҳонсупорӣ барои касоне, ки қаблан натавонистанд аз қайд гузоранд ё аз давраҳои пешин ноком шуданд.

 

Дар даври сеюм ба довталабони зерин имкон дода мешавад:

- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

- довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

 

Нуқтаҳои бақайдгирӣ

Бақайдгирӣ дар 11 нуқта доимӣ дар шавҳру навоҳии Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Душанбе, Данғара ва Рашт сурат мегирад.

 

Муҳлат ва шартҳо

Бақайдгирӣ то 13 сентябр идома меёбад. Довталабоне, ки дар ин марҳила худро ба қайд мегузоранд, дар сурати зарурат бо муроҷиат ба нуқтаи бақайдгирӣ, метавонанд ихтисоси пештар интихобкардаашонро тағйир диҳанд.

 

Ихтисос ва имтиҳонҳо

Ҷойҳои холии боқимонда пас аз тақсимот аз рӯйи натиҷаи давраҳои пешин дастрасанд. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд.

 

Ҳангоми бақайдгирӣ зикри маълумоти зерин зарур аст:

- забони супоридани тест (тоҷикӣ ё русӣ);

- ҷойи супоридани имтиҳон;

- суроға барои гирифтани даъватнома.

Рӯйхати пурраи ихтисосҳои дастрас ё худ холӣ дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ нашр шудааст.

Дар Марказ гуфтанд, ки имтиҳонҳо рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуда, натиҷаи онҳо рӯзи 29 сентябр эълон карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.