Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн менамоянд, 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба Феҳрасти мероси маънавии башарӣ дохил кард. 19 феврали соли 2010 иҷлосияи 64 - уми Маҷмаи кулли СММ дар бораи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз” қатънома қабул ва 21-уми мартро рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ҳадафи асосии қатъномаи СММ тақвият бахшидан ба робитаҳои дӯстонаи байни миллатҳо, нигоҳдорӣ ва тарғиби анъанаҳои неки умумибашарӣ унвон шудааст. Имрӯз тавре ба ҳамагон маълум аст, дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон, аз Ғарб то Шарқ Наврӯзи хуҷастапайро бо махсусиятҳои ба худ хос ҷашн мегиранд, ки ин ҷо оид ба махсусияти ҷашнгирии Наврӯз дар баъзе аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз маълумот медиҳем.

Тоҷикистон

Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон сари сол шурӯъ мешавад, вале тайёрии ниҳоии он чаҳоршанбеи охирини соли куҳан ҳисоб меёбад, ки он дар фарҳанги наврӯзӣ ба истилоҳи “Чаҳоршанбесурӣ” маълум аст.

Маросими ҷуфтбаророн аз қадимтарин ойниҳои наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯранд ва дар ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа менамоянд.

Яке аз маросимҳои дигар ин фолгирии наврӯзӣ аст, ки тибқи ойини дигар, пешбинӣ кардан бо роҳи сабзонидани дувоздаҳ навъи ғалладона: гандум, ҷав, нахӯд, боқило, зағир, наск, мош ва ғайра мебошад. Ин ғалладонаҳоро дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату сифати сабзиши онҳо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалладона дар ин сол нашъунамои хуб карда, ҳосили фаровон хоҳад дод.


Маросими обрезон, аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав – Наврӯз мардум шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд.

Яке аз маросимҳои асосии ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ин суманакпазӣ аст, ки асоситарин неъмати Наврӯз, ки он аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Дар деҳоту шаҳракҳои Тоҷикистон пайки наврӯзӣ бачаҳою духтаронанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар даст гулдастаҳои баҳорӣ, гули қоқу, сияҳгӯш, наврӯзӣ давидаю хандида, субҳи барвақт назди дарвозаи хонаҳо омада, суруди дилхоҳашонро замзама мекунанд, ки инро гулгардонӣ меноманд. Соҳибхона онҳоро бо самимияту хушҳолӣ ба хона даъват мекунад, ҳадя медиҳад: ширинӣ, обҳои ранга, меваи хушку тар, пул. Онҳо бо хандаву рақсу шодӣ раҳораҳ садо дар дода, муҳити кӯчаро лабрези фараҳ мегардонанд. Сайри наврӯзӣ низ аз дигар махсусиятҳои ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки дар  ин айём мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо, ки бо номҳои “идгоҳ” ва ё “сайргоҳ” маъруфанд, таҷлил мекунанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Як бахши муҳими ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар аёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавон дар навъҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, бузкашӣ чавгонбозӣ баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гуштингирӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъмул мебошад. Ба ғайр аз гуштигирӣ, дар деҳаҳо мусобиқаю бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабчанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешавад. Инчунин, арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешаванд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон

Дар Эрон, бахусус дар деҳоти он пайкҳое ташкил мешавад ва ин пайкҳоро ба шаҳрҳо мефиристанд. Мардуми шаҳр пеш аз ҳама он пайкҳоро фоли нек мегиранд ва бо нуқлу ширинӣ аз онҳо пазироӣ мекунанд. Ин пайкҳо як лаълии калон дар даст доранд ва шамъе дар он меафрӯзанд ва миқдоре нуқлу набот ва сабза дар лаълӣ мегузоранд ва ба хонаҳои мардум мераванд. Гуруҳе аз онҳо лӯхтаке ба шакли уштур, ки аз чӯб сохта шудааст, ба даст мегиранд ва овозҳои шодиовар ва наврӯзӣ мехонанд.

Калонсолон ба кӯчактарҳо туҳфаҳо ва ҳадяҳо медиҳанд ва падару модар ва ақвому хешу табор ба якдигар ҳадя диҳанд ва сарҷамъ ба хонаи якдигар мераванд ва кинаҳо ва қаҳрҳо ба дӯстӣ ва сулҳу сафо ва меҳрубонӣ табдил мешавад.

Акс аз iransegodnya.ru

Давлат бисёре аз афроди зиндонӣ ва муҷримро авф мекунад ва бо камоли меҳру муҳаббат ба афроди камбағал ёрӣ медиҳад ва ҳамзамон, бо фаро расидани ид либос ва васоили зарурӣ ба камбағалон медиҳанд. Мардуми Эрон тибқи суннати деринаи наврӯзӣ рӯзи сездаҳуми фарвардин ҳамагӣ аз хона ба саҳрову дашт ва боғу роғ мераванд ва дар миёни сабзазорону куҳсорон рӯзи сездаҳро, ки тибқи ақидаашон ба иборате “наҳс” аст, дар хона намемонанд ва берун аз хона ин рӯзро тай мекунанд ва зарфҳои сабзаро, ки то он рӯз нигаҳ доштаанд, дар обҳои рӯдхона, кӯлмакҳо ва ҷӯйборҳо меандозанд ва бад-ин гуна Наврӯзро ба поён мерасонанд.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Мардуми Афғонистон ба ин боваранд, ки Наврӯз фурсатест барои ёд кардан аз гузаштаҳо, фаромӯшшудаҳо, андешидан аз некиҳо ва бадиҳо, аз иштибоҳот ва ғалатҳо. Наврӯзи Афғонистон зебоиҳои хоси худро дорад. Нӯшидани шарбати “Ҳафтмева” ва барафрохтани парчам дар болои оромгоҳи ҳазрати Алӣ (шаҳри Мазори Шариф) намунаи ин вижагиҳоанд. Парчамро 40 рӯз пас мефароранд. Шарбати “Ҳафтмева”-ро аз зардолу, чормағз, себ, олу, бодом, писта ва мавиз омода месозанд.

Акс аз etot-prazdnik.ru

Сайру гашти оммавии мардум дар боғҳо, Наврӯзгоҳҳо ва дашту даман, баргузории зӯрозмоиҳои мардон (гӯштин, асптозӣ, бузкашӣ), тозакорию ниҳолшинонӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ аз оинҳои маъмулии ҷашнанд. Ҳатто хурӯсҷангу сагҷанг дар ин кишвар хеле роиҷ аст. Занони Қандаҳор дар мавзеи Бобосоҳиб гирд омада, аз субҳ то шом тарона мехонанд, мерақсанд, хӯрокҳои ҷашнӣ тайёр намуда, шӯхию бозӣ мекунанд. Дар шаҳрҳо намоишҳои идона баргузор мешаванд. Одамон ба хонаҳои ҳамдигар мераванд, аз гузаштагон ёд меоваранд, дар Соли Нав (дар Афғонистон тақвими ҳиҷрии шамсӣ ҷорист, ки рӯзи аввали он Наврӯз аст) ҳамдигарро табрик гуфта, хушнудиҳо орзу мекунанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки тамоми ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои фараҳбахше, ки дар давоми Соли Нав ҳам дар табиат ва ҳам дар ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд меоянд, аз Наврӯз маншаъ мегиранд.

Ӯзбекистон

Наврӯз бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад ва рӯзи фарорасии он таътил аст. Наврӯзро ҷашни дӯстии миллатҳо низ меноманд. Бархе аз шаҳру навоҳӣ ва рустоҳо номи Наврӯзро гирифтаанд. Дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд суннати “Чаҳоршанбеи сӯрӣ” боқӣ мондааст. Дар бархе аз манотиқи кишвар он бо номи “Шаби оташафрӯз” баргузор мегардад.

Акс аз uzdaily.uz

“Кушоиши қуфли бахт” аз суннатҳои дигари наврӯзӣ ба шумор меравад. Дӯшизагон субҳ қуфли бастаро бо худ гирифта ба берун мебароянд ва аз мусофирони роҳ хоҳиш мекунанд, ки онро боз кунанд. Агар раҳгузари аввал ҷавонмарде некӯ бошад, аз ин фоли накӯ мегиранд.

Аз дигар расмҳои наврӯзӣ аст, ки мардум дар зарфҳои нав субҳ аз рӯдхона об меоранд ва бо он об рӯй мешӯянд, то ҷисму рӯҳашон пок бошад.

Туркманистон

Ривоят аст, ки дар аҳди қадим туркманҳои занҷирбанд рӯзи Наврӯз завлонаҳои оҳанинро шикаста ба озодӣ баромаданд ва тамоми сарзаминашонро аз зулми аҷнабиён наҷот додаанд. Ҷашн як моҳ қабл аз Наврӯз оғоз меёбад. Одамон либосҳои нав духта ба тан мепӯшанд, дастархони наврӯзӣ омода месозанд, ба ниёзмандон ёрӣ мерасонанд. Ҷашнро деҳа-деҳа истиқбол мегиранд, касе бе ҳадяи наврӯзӣ намемонад. Дар кӯчаю наврӯзгоҳҳо дегҳои шӯрбою палав дар ҷӯшанд. Паҳлавонҳо ба майдони диловарӣ мебароянд, санъаткорон бо ҳунари худ мардумро шод менамоянд, човандозон пойгаю бузкашӣ, духтарон рақсу бозию таронахонӣ мекунанд. Аз болои гулхани наврӯзӣ ҷаҳидани аҳли деҳа бо нияти пок шудан аз гуноҳ, субҳи Наврӯз нӯшидани як ҷуръа шири навдӯшида низ аз русуми қадимии туркманҳоанд.

Акс аз etot-prazdnik.ru

Суманак аз таомҳои лазизи ин мардум аст. Онро монанди тоҷикон аз майсаи навдамидаи гандум мепазанд ва новрӯз - ярма ном мебаранд. Дар маросими наврӯзӣ кинаю адоватро ба ҳукми фаромӯшӣ месупоранд, гуноҳҳои якдигарро мебахшанд, ҳадяҳо медиҳанд. Духтарон ҷамъ омада, ба табақи чӯбин шадда (муҳра, марҷон) мепартоянд ва  сурудҳои ҳаҷвӣ мехонанд.

Озарбойҷон

Амалан омодагӣ ба Наврӯз як моҳ қабл сар мешавад. Чор чоршанбеи пеш аз Наврӯз ба тағйирёбии обу оташ, хок ва бод пайвандӣ дорад. Чоршанбеи охирин (Ахир чоршанбе) бод бӯи баҳорро меорад ва Наврӯз фаро мерасад. Ҷаҳидан аз болои оташ дар чоршанбеи охирин барои ҳар озарӣ ҳатмист. Одатан ҳафт бор аз болои оташ мепаранд ё якборӣ аз болои ҳафт гулхан. Аз майсаи гандум суманак мепазанд ва онро «саманӣ», маросими пухтани онро “Саманӣ туйу” меноманд.

Акс аз masimovasif.net

Ба ривояти озарӣ, қабл аз Наврӯз (ё ҳамон рӯз) шинондани ниҳол, бавижа тут, анҷир ва булут амали савоб аст. Покиза намудани хона, шамъ даргирондан, аз хона бурун рафтан, дар назди тирезаи кушода истодан, дар шохи барзаговон матои сурх бастан, чавгонбозӣ аз болои асп, ба дӯстон фиристодани ҳадяҳо, то саҳар дар гирди гулхан сурудану рақсидан (ин одат “Пазироии офтоб” ном дорад), оростани дастархони идона, пухтани таомҳои миллӣ (ҳатман шакарбура, бадамбура, паҳлава, суманак, тухмҳои ранга) ҳам аз анъанаҳои наврӯзии озариҳоанд.

Қирғизистон

Наврӯз 21 март таҷлил мегардад. Пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар ин ҷашн шукӯҳи хоса касб намуд. Наврӯзро як рӯз ҷашн мегиранд. Ҷашн аз субҳ оғоз меёбаду дар шом ба анҷом мерасад. Дар ҳама шаҳру рустоҳо масъулон вазифадор гардидаанд, ки онро дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намоянд. Дар бархе аз шаҳрҳо саворон бо либосҳои милливу силоҳҳои қадимӣ гардиш мекунанд, ки ин ҷашнро шукӯҳ мебахшад.

Акс аз etot-prazdnik.ru

Маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва базмҳоро ба муносибати Наврӯз меороянду гарм месозанд. Дар шаҳрҳо фурӯши анвои гуногун доир мешавад. Дар рустоҳо ғизоҳо мепазанд, ки аз он мардум ба таври ройгон тановул мекунанд. Президенти кишвар мардумро расман бо ид табрик мегӯяд.

Қазоқистон

Наврӯз барои мардуми қазоқ нисбат ба дигар ҷашну ойину суннатҳо мақоми волотарро касб кардааст. Пас аз истиқлолият он анъанаҳои некро, ки марбути Наврӯз буд, эҳё намуданд.

22 март дар шаҳрҳои бузурги кишвар барои таҷлили ин ид аз хонаҳо берун меоянд. Сайрҳои наврӯзӣ баргузор мегардад ва мардум ҳамдигарро ба Наврӯзи хуҷастапай табрик мегӯянд.

Ба шарафи Наврӯз ҳатман суманак мепазанд ва дар ҳафт зарфи сафед онро мегиранду ба мардум пешкаш менамоянд.

Акс аз total.kz

Мусобиқаҳои аспдавонӣ баргузор мегардад. Либоси нав мепӯшанд ва зарфҳои кӯҳнаро мешикананду ба ҳамдигар гул тақдим мекунанду идро табрик мегӯянд. Шабеҳи офтоб дар хонаҳояшон доира мекашанд.

Қазоқон мегӯянд: “Наврӯз рӯзест, ки онро мо тамоми сол интизорӣ мекашидем”, “Наврӯз рӯзест, ки замин пур аз хайру эҳсон мегардад”. “Наврӯз рӯзест, ки Ҳазрати Хизр дар даштҳо роҳ меравад”. Аз ин сабаб шаби Наврӯзро “Хизр” мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.