Мақомоти гумруки Тоҷикистон Афғонистон оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сардори департаменти гумруки Вазорати молияи Афғонистон Наҷибулло Вардак баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши гумрук ва масоили табодули маълумот миёни мақомоти ҳарду кишварро баррасӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар бораи табодули электронии маълумоти гумрукӣ санади дахлдор ба имзо расидааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 26 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 23% зиёдтар аст ва ҳудуди 20 млн. доллари ИМА аз ин маблағ ба воридоти маҳсулот аз Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд.




Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста