Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 22 июн, зимни суханронӣ дар нишасти охирини Думаи давлатии даъвати шашум, изҳор намуд, ки кишвар бояд дар андешаи таъмини амнияти худ бошад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , ӯ аз аъмоли НАТО дар наздикиҳои марз бо Русия интиқод кард ва гуфт, ки Маскав ба ин гуна аъмол вокуниши мувофиқ ва сареъ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, сарвари Русия ҳамчунин таъкид кардааст, ки бояд ҳама олам бо терроризми байнулмилалӣ муқовимат кунад ва низоми амниятиеро созмон диҳанд, ки берун аз чаҳорчӯби паймонҳои низомии феълӣ аст. «Русия барои гуфтугӯ дар робита ба ташкили ин гуна низоми амниятӣ омода аст», - афзудааст Владимир Путин.
Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2014 баъди дар натиҷаи раъйпурсӣ ба ҳайати Русия шомил гардидани Қрим, муносибатҳои Русия ва кишварҳои Ғарб ба сардӣ гароиданд. Украина ва Ғарб Русияро ба таҳвили силоҳу ҷангиён ва нерӯҳои мусаллаҳ ба шарқи Украина мутттаҳам дониста, Маскав даст доштан дар ин аъмолро рад мекунад.




Как проходил первый военный парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
На сотрудников ГКНБ Кыргызстана подали сотни жалоб после отставки Камчыбека Ташиева
В Таджикистане начинается прием заявлений на экзамен EPS-TOPIK для работы в Южной Корее
Бывшего руководителя аппарата хукумата Исфары оштрафовали на 52 тысячи сомони за мошенничество
Пакет, дубинка, ток. Как в Центральной Азии расследуют пытки, и почему они до сих пор применяются
Сарвар Хамидов возвращается: новый бой в PFL — весной 2026 года
В Таджикистане автогонщику Бежану Абдуллаеву вручили медаль «За мужество и доблесть»
Сорок девушек, соляные пещеры и буддийский храм: путешествие по Хатлонской области Таджикистана
Треть долгов за свет в Таджикистане оказалась фиктивной
Эмомали Рахмон подчеркнул необходимость дальнейшего укрепления обороноспособности Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста