Дар доираи созишномаҳои байнулмилалӣ Қазоқистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии ин кишвар беш аз 90 грант ҷудо мекунад.
Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба намояндаи Вазорати маориф ва илми ин кишвар, имсол ба мактабҳои олии Қазоқистон қабули беш аз 90 - нафар аз Тоҷикистон, 4 нафар - аз Қирғизистон, 20 нафар - аз Чин, 1 нафар - аз Муғулистон, 1 нафар - аз Украина, 3 нафар - аз Беларус, 1 нафар - аз Миср ва 46 нафар довталабон аз Афғонистон дар назар аст.
Намояндаи Вазорат гуфтааст, имсол миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишномае ба имзо расидааст, ки мутобиқи он аз соли 2017 шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар шуъбаҳои омодагӣ нахонда, метавонанд дарҳол барои таҳсил дар курси аввали мактаби олӣ довталабӣ кунанд.
«Ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 ҷой ҷудо мегардад. Имсол аз 93 шаҳрванди Тоҷикистон, ки шуъбаҳои омодагиро хатм карданд, 77 нафарашон дар санҷиш барои довталабон иштирок карданд. Аз Вазорати маорифи Тоҷикистон боз барои қабули 20 шаҳрвнади дигар роҳхатнома расид. Ҳамин тариқ, соли 2016 ба мактабҳои олии Қазоқистон қабули 97 нафар тоҷикистониён дар назар аст», - афзудааст номбурда.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста