Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ба вазифаи нав таъин шуда, акнун Душанберо тарк мекунад. Ба ҳайси сафири Тоҷикистон ӯ каме бештар аз якуним сол (аз охири соли 2015) фаъолият намуд.
Рӯзи 31-уми август сафир Миллард бо мақсади иҷрои вазифа ба ҳайси роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА, Тоҷикистонро тарк менамояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад.
«Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст, - омадааст дар сомонаи сафорат. - Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд».
Гуфта мешавад, давоми фаъолияти кории ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзӯр намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва ИМА имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд.
«Ду кишвар 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд, - қайд мешавад дар хабар. - Кормандони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз он фахр доранд, ки бо Сафир Миллард якҷоя кор карданд, ва ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулаш муваффақият орзу менамоянд».
Зимнан зикр мегардад, ки сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ҳоло таъин нашуда, муовини роҳбари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард фаъолият хоҳад кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста