Бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» ва ширкати Heaven Springs Harvest Group ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши табодули об ва таъсиси корхона оид ба фурӯши захираҳои обии кӯли Сарез дар кишварҳои Осиёи Марказӣ созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расониданд.

Созишнома охири моҳи майи соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ва муассиси Heaven Springs Harvest Group Дейто Сри Байма Аёси ба имзо расидааст, хабар медиҳанд ВАО-и хориҷӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ширкати Гонконг. Аз дигар ҷузъиёт маълумот дода намешавад.

Дар «Ориёнбонк» ба «Азия-Плюс» ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик дар ин бора маълумоти иловагӣ пешниҳод мекунанд.

Кӯли Сарез
YouTube

Ширкати Heaven Springs Harvest Group дорои беш аз 80 патенти байнулмилалӣ дар доираи низоми WIPO PCT мебошад, ки 152 кишвари дунёро фаро мегирад.

ҶСК «Ориёнбонк» яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми сармояи оинномавиаш зиёда аз 440 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.