Як гурӯҳи зиёди ҳунармандони Тоҷикистон ба нахустин Форуми санъати Мақом, ки аз 6 то 10 сентябр дар шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон доир мегардад, даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ҳайати Тоҷикистонро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода роҳбарӣ карда, ба ҳайат професорон Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, гурӯҳ калони ҳунармандон аз Академияи мақоми Тоҷикистон таҳти сарварии Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Абдувалӣ Абдурашидов шомиланд.

Форуми байнулмилалии санъати мақом бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳти сарпарастии ЮНЕСКО баргузор мешавад.

Форум бо мақсади эмин нигаҳдории мусиқии анъанавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ, рушди гуногуншаклӣ тавассути дастгирии эчодкорӣ гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар форум намояндагони 70 давлат дархост додаанд. Ба Шаҳрисабз 162 нафар иҷрокунандагони мақоми классикӣ аз 29 кишвар омада, рӯйдодҳои чорабиниро рӯзноманигорони 30 кишвари дунё инъикос хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар доираи кори форум бо иштироки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар мавзӯи “Санъати мусиқии мақом ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ” конфронси илмиву амалӣ доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.