Як гурӯҳ хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода рӯзи 3 октябр ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсади сафар намоиши мазҳакаи «Ҷиноят ва ҷазо» ба мардуми Бухоро ва Самарқанд мебошад.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, намоишнома рӯзи 5 октябр дар шаҳри Самарқанд ва рӯзи 6 октябр дар шаҳри Бухоро манзури тамошобинон мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки «Ҷиноят ва ҷазо» ба қалами Михаил Зошенко тааллуқ дошта, онро коргардон Абдукарим Машраб рӯи саҳна овардааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишварҳо ин нахустин сафари ҳунармандони тетари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя аст. Тобистони ҳамин сол ҳунармандони Театри лавлатии мусиқии драма ва мазҳакаи Муқимии Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.