Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба реҷаи парвозҳо (навигатсия)-и мавсими зимистон гузашта, парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ва бозпас аз 29 октябр бо ҷадвали нав анҷом дода мешаванд: ду парвоз дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе.
Рӯзҳои душанбе ҳавопаймои А320-и Ӯзбекистон соати 21:00 аз Тошканд парвоз ва соати 21:40 дақиқа ба Душанбе фуруд меояд. Ҳамин рӯз соати 23:15 аз Душанбе ба Тошканд парвоз сурат гирифта, ҳавопаймо соати 23:55 дақиқа ба Тошканд фуруд меояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Ориф Рӯзимуродов, намояндаи Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар Тоҷикистон.
“Рӯзҳои панҷшанбе ҳавопаймо аз Тошканд соати 01:00 парвоз карда, соати 01:40 дақиқа ба Душанбе мерасад. Парвоз аз Душанбе ба Тошканд соати чори субҳ сурат мегирад”, - қайд кард номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, тағйири ҷадвали парвозҳо ба фароҳам сохтани шароити мусоид ва қулай барои мусофирони транзитии Тоҷикистон вобаста аст, ки тариқи Тошканд ба самтҳои ИМА, кишварҳои Аврупо, Осиёи Чанубу Шарқӣ ва ҳамчунин шаҳрҳои кишварҳои узви ИДМ парвоз мекунанд.
То ин дам ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ки аз моҳи апрели соли гузашта ба иҷрои парвозҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуда буд, дар як ҳафта рӯзи сешанбе як парвоз анҷом медод.
Айни замон байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо хатсайрҳои Тошканд – Душанбе ҳавопаймоҳои «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва бо хатсайри Душанбе – Бухоро ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста