Дар Қазоқистон масъалаи минбаъд даст кашидан аз содироти зироати ғалладона ва коркарди пурраи ҳосили ҷамъоварда дар дохили кишварро баррасӣ доранд.
“Кишвар ба чор баробар афзуданиҳаҷми истеҳсоли орд имкон дорад. Яъне ба тамоми зироати ғалладонаи дар кишвар истеҳсолшуда, на содироти он ба сифати ашёи хом”, - изҳор доштааст ба Forbes.kz роҳбари Ассостсиатсияи истеҳсолкунандагони орд ва нонпазони вилояти Қарағанда Дос-Мукасан Таукебаев.
Ӯ қайд кардааст, ки айни замон 70%-и орди истеҳсолшуда ба Афғонистон фиристода шуда, ҳамчунин қисмати зиёди содирот ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ рост меояд.
“Захираи афзоиши ҳаҷми коркради зироати ғалладона дар корхонаҳои кишвар бузург аст, зеро таъминоти корхонаҳо бо иқтидори пурраи фаъолият назаррас нест. Агар корхонаҳо харидор ёбанд, аз тамоми иқтидор истифода бурда, истеҳсоли солонаро чор маротиба зиёд карда метавонанд”, - изҳори итминон кардааст Таукебаев.
Яъне коркарди беш аз 20 млн. тонна зироати ғалладона дар як сол – ҳамаи ҳаҷми гандуми истеҳсолшуда дар кишвар (ҳосили соли 2017 – 21,7 млн. тоннаро ташкил дод).
Таносуби воридоти орду гандум ба Тоҷикистон
Орд ва гандумро Тоҷикистон қариб пурра аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар ҳамин ҳол, солҳои охир воридоти орд коҳиш ёфта, воридоти гандум баръакс меафзояд. Ин ба дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав оид ба коркарди гандум вобаста аст, ки айн замон қариб 90%-и талаботи кишвар ба ордро таъмин мекунанд.
Ҳамин тариқ, соли 2014 ба Тоҷикистон 189 ҳазор тонна, соли 2015 – 140 ҳазор ва тӯли 9 моҳи соли равон – ҳамагӣ 25 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст.
Ҳаҷми воридоти гандум бошад, соли 2014 – 775 ҳазор, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ – аллакай беш аз 720 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бар ин назаранд, ки орду гандум дар воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ мавқеи бештар муҳимро ишғол мекунанд.
Тибқи маълумоти Вазорат, давоми соли равон нархи орд дар бозорҳои кишвар устувор боқӣ мондааст.
Моҳи сентябри ҳамин сол нархи 1 халта орд (50 кило)-и навъи аввали истеҳсоли ватанӣ 148 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2% камтар аст. Арзиши чунин ҳаҷми орди навъи аввали истеҳсоли Қазоқистон 155 сомониро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста