Яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков дар мусоҳибаи телефонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ба ҷуз қарзи бонкии пардохташ батаъхирафтода ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, ҳукуматдорон дигар нисбати ӯ ҳеҷ даъвое надоранд.
Ӯ ба “Азия-Плюс” зикр кард, ки чанде қабл ихтиёрӣ ба прокуратураи вилоят рафта, дархост намудааст, ки сабаби дар ҷаласаи ситоди байниидоравӣ оид ба ҷорӣ кардани тартибот дар қаламрави ВМКБ роҳбари гурӯи муташаккили ҷиноятӣ номбар кардани ӯро шарҳ диҳанд.
“Ба ман гуфтанд, ки ба ҷуз қарзи бонкии пардохташ батаъхирафтода нисбати ман дигар даъвое надоранд, ман ваъда додам, ки қарзро ояндаи наздик бармегардонам”, - қайд кард Айёмбеков.
Прокуратураи генералӣ: Парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст
Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар маълумоти расмӣ Толиб Айёмбеков ва дигар пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар Хоруғ унвон карданд.
Дар маълумоте, ки рӯзи 20 октябр дар сонаи АМИТ “Ховар ба чоп расид, гуфта мешавад, аз шахсони зикршуда, ҳамчунин дигар сокинони шаҳри Хоруғ наздики 200 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.
Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки нисбати шахсони дар боло зикршуда айни замон ҳеҷ гуна парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.
“Баъзе маълумот доир ба даст доштани афроди зикршуда ба содир намудани ин ё он ҷиноят мавриди тафтиш қарор дорад”, - гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Уникальные и необычные традиции Рамазана в различных мусульманских странах
СМИ подтвердили гибель более 200 тысяч российских военных в войне с Украиной
Путь в космос: Сможет ли Узбекистан стать космической державой?
СМИ: Против Павла Дурова в России возбудили уголовное дело
Теплый февраль: Как аномальная погода угрожает урожаю в Таджикистане?
Топ таджикских бойцов, способных попасть в UFC — сильнейшую лигу мира
Узбекистан нацелился на сокращение ручного труда в хлопководстве до 30%
Частная компания в Таджикистане вложит $5 млн в автоматизацию работы почты
Четвертая годовщина войны России против Украины: представительство ЕС в РТ выступило с заявлением
Заповедник «Тигровая балка» в Таджикистане может столкнуться с водным кризисом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста