Ширкати ҳавопаймоии SCAT-и Қазоқистон аз 14 декабр ба иҷрои парвозҳо бо хатсайри Остона – Душанбе – Остона оғоз мекунад.
“Ин хатсайри нав мустақиман шаҳри Душанберо бо пойтахти Қазоқистон пайваст хоҳад кард”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”.
Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе дар ҳавопаймоҳои Bombardier CRJ200 анҷом ёфта, фурӯши билетҳо ба ин хатсайр алакай оғоз шудааст.
Зимни рӯнамоии ифтитоҳи хатсайри нав рӯзи 13 декабр дар Остона ноиби президенти ширкати ҳавопаймоии SCAT Николай Буряков изҳор доштааст, ки арзиши билет ба як самт аз 44 ҳазор танга (118 доллар) ва ба ду самт - аз 86 ҳазор танга (232 доллар)-ро ташкил медиҳад.
“Ифтитоҳи хатсайр талаботи замон буда, ба таърихи навтарини рушди муносибатҳои гуногунҷабҳа байни кишварҳои мо созгор аст. Ба туфайли ҳамкориҳои бисёрҷонибаи чандинсола миёни Қазоқистону Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи сифатан нав қарор гиранд. Имрӯз метавон гуфт, ки созишҳои раҳбарияти кишварҳо доир ба тавсеъаи ҷуғрофияи парвозҳо ба марҳилаи нав дар татбиқи амалӣ расиданд”, - иброз доштааст зимни чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста