Ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба ҳимояи беҳтари ҳуқуқҳои шаҳрвандон, хизматрасониҳои хушсифат аз ҷониби мақомоти САҲШ мусоидат намуда, ҳамчунин баҳри минбаъд таъсис додани ҳукумати электронӣ замина муҳайё месозад.
Дар ин мавод дар бораи кадом вазифаҳо иҷро шудану ба кадом ҳадафҳо расидан дар ҷараёни амалисозии ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвнадӣ маълумот дода мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҳамчун “сабти бетанаффусу мунтазам ва ҳатмиву умумии сабти ба вуҷуд омадан ва хусусиятҳои рӯйдодҳои демографӣ” муайян кардааст. Далели зарур будани низоми амалкунандаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ҳар як давлат далели умумиэътирфшуда мебошад. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шарти заруриест барои шароит фароҳам сохтани имконот ҷиҳати истифодаи ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба маълумот (таълим) ва тандурустӣ. Ғайр аз ин, сабти ақди никоҳ таркиби муҳими ҳимоя аз ҳуқуқ ба моликияти занон ва кӯдакон дар оила мебошад.
Аммо, барои роҳандозии фаъолияти пурсамари низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ лозим аст, ки он ба ҳамаи талаботи муосир ҷавобгӯ бошад.
Дар Тоҷикистон рӯйи такмили ин низом аллакай муддати чандин сол аст, ки кор мекунанд. Айни замон дар кишвари мо лоиҳаи Барномаи рушди СММ (БРСММ) “Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (SDC) маблағгузорӣ мешавад. Шарики асосии лоиҳа Вазорати адлия буда, шарикони дигар Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҷамоатҳо ва дигар мақомот мебошанд. Марҳилаи аввали Лоиҳа дар давраи аз моҳи январи соли 2016 то моҳи нобяри соли 2019 татбиқ мешавад.
Ба гуфтаи муовини вазири адлияи Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ислоҳот дар низоми САҲШ натанҳо барои шаҳрвандон, ки пас аз амалишавии он ба хизматрасониҳои хушсифат ва саривақтӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, балки дар маҷмӯъ барои тамоми кишвар муҳим аст.

- Тоҷикистон дар роҳи таъсиси ҳукумати электронӣ қарор дошта, низоми электронии мураттаби роҳандозишудаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ заминаи асосӣ барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо маҳсуб меёбад, - мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ. – Низоми электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд дар бораи беш аз нуҳ миллион нафар маълумотро дар бар дошта, барои тамоми низомҳои иттилоотии ҷумҳурӣ замина шуда метавонад. Ғайр аз ин, рақамӣ кардани асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар бойгониҳо (архивҳо)-и гуногуни кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, аҳолӣ дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он бидуни талафи вақти зиёдатӣ, кашолкорӣ ва расмиётчигӣ (бюркратия) ҳуҷҷатҳои заруриро дастрас карда метавонанд.
Ислоҳоти мазкур имкон муҳайё месозад, ки хизматрасониҳои давлатӣ барои шаҳрвандон хушсифату дастрас пешниҳод шаванд.
Айни замон ба як дафтари кории САҲШ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 123 (!) ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд.
- Гузаштан ба низоми электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сарбории кормандони мақомоти САҲШ-ро сабуктар сохта, ба ин васила вақт барои коркарди ҳуҷҷатҳо камтар мешавад, - шарҳ медиҳад Шаҳноза Нодирӣ. – Ғайр аз ин, минбаъд мо тарзи электронии пешниҳоди аризаро роҳандозӣ хоҳем кард, ки ба аз байн бурдани навбатпоиҳо ва пешгирии ҳама гуна навъи ҷиноятҳои коррупсионӣ имкон медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байнулмилалии соҳибкорон дар соли 2018 таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тамоилҳои муосири иқтисод” чунин изҳор дошта буд: “Барои таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани низоми иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, минбаъд ташкили феҳристи электронии аҳолӣ аллакай тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд ва барои ин аз соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон сабтҳои электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифода бурда мешаванд”.
Аз моҳи апрели соли 2019 дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми итттилоотии САҲШ ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаи ҷорисозии сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои бойгонии САҲШ (рақамӣ кардани бойгониҳо) санаи 20 феврали соли 2019 дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ин гувоҳи он аст, ки Сарвари давлат ба масъалаи ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар аз 26 ноябри соли 2018 ҷиҳати таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ҷорисозии низоми иттилоотии САҲШ, роҳандозии ҳамкории мутақобила байни низоми иттилоотии САҲШ ва дигар низомҳои электронии вазорату идораҳо дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, назди дастгоҳ Гурӯҳи байниидоравии корӣ таъсис дода шуд. Дар ин робита бастаи лоиҳаҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шудааст, ки ба роҳандозии Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароит фароҳам меоранд, зеро дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон “"Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” танзими роҳандозии тарзи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ нашудааст.
Низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин мекунад
Дар бораи муҳим ва зарур будани баргузор намудани ислоҳот дар низоми САҲШ коршиносони байнулмилалӣ низ изҳори назар мекунанд.
- Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ аллакай муддати 20 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва тӯли тамоми ин солҳо ҳукуматро дар самтҳои гуногун, ки ҳар кадоме аз онҳо ба рушди кишвар нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад ва риояи ҳуқуқҳои инсон шарти ҳатмӣ барои расидан ба ин ҳадаф мебошад,- мегӯяд муовини роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба рушд хонум Корин Деманж. – Низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳкурсии асосӣ барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон, амнияти ҳуқуқии онҳо шуморида мешавад, аз ин рӯ, дафтари кории мо аз ин лоиҳа дастгирӣ мекунад.
Корин Деманж шарҳ медиҳад, ки низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба давлат ҷиҳати таъмини кафолатноки ҳуқуқҳои шаҳрвандони худ шароити мусоид фароҳам меорад; ин низом дар маъракаи интихобот муҳим аст, зеро ба ташкили дақиқи рӯйхатҳо бар асоси рақамҳои воқеӣ имкон медиҳад.
- Мо мефаҳмем, ки бо дастгирии ислоҳот дар низоми САҲШ ҳам ба давлат ва ҳам ба мардуми оддӣ нафъамон мерасад, - мегӯяд хонум Деманж.
Ба гуфтаи муовини роҳбари дафтар шарти асосӣ барои амалисозии пурсамари ислоҳот дар низоми САҲШ ҷонибдории давлат аз ин раванд мебошад.
- Бе хоҳиши давлат амалисозии ислоҳот ғайриимкон аст. Барои татбиқи ислоҳот хоҳиши бечунучарои ҳукумат дар самти такмили низом лозим аст, дар ҳамин ҳол, ҷонибдории кулли ҳукумат талаб мешавад, зеро низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ худмухтор нест, - шарҳу тавзеҳ медиҳад ӯ.
Корин Деманж изҳор мекунад, ки шарикони Дафтар дар самти амалисозии ислоҳот дар низоми САҲШ дар баробари ҳукумати Тоҷикистон шарикони байнулмилалӣ, аз қабли БРСММ, Фонди СММ оид ба нуфус, СММ – Занон, ҳамчунин ширкати байнулмилалии Эпос мебошад, ки Низоми иттилоотиро барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳия мекунад. Ҳукумати Швейтсария, ки нақшаҳоро тасдиқ намуда, ба ҳаллу фасли вазифаҳо дар сатҳи сиёсӣ кумак мекунад, низ шарики муҳим ба шумор меравад.
- Ва албатта, шарикони асосии мо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ки дар кори баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи ҷараёни ислоҳоти роҳандозимешуда, муҳимияти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва ҳамчунин ҷалби аҳолӣ ба ин раванд саҳми босазо мегузоранд. Бидуни огаҳӣ низом кор карда наметавонад, - мегӯяд Корин Деманж.
Ӯ зикр мекунад, ки мувофиқи амалисозии лоиҳа, имсол дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани низоми электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз мегардад.
– Тирамоҳи соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд, ки соли 2019 низоми электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷорӣ мешавад. Мо аз ин қарор истиқбол намуда, дарк менамоем, ки ҳамин тариқ назди мо барои фаъолият майдони фарох боз мешавад ва аз ҷониби ҳукумати Швейтсария дигар ташкилотҳоро даъват мекунем, ки ҷиҳати ҳалли вазифаҳои муҳим ба мо ҳамроҳ шаванд, мо хостори ҳамкорием. Ин майдони кушоди фаъолият барои ҳамаи хоҳишмадон аст, - тавзеҳ медиҳад Корин Деманж.
«Низоми электронӣ махсус барои Тоҷикистон таҳия шудааст»
Давоми се соли амалисозии Лоиҳа дар Тоҷикистон оид ба омода кардани лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин коркард ва такмили санадҳои дохили ва зерқонунӣ корҳои зиёда ба сомон расонида шуданд. Масалан, то имрӯз дар қонунҳои ҷумҳурӣ роҳандозии низоми электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зикр нашудааст, аз ин рӯ, расман ҷорӣ кардани низоми нав алҳол ғайриимкон мебошад.
Соли равон парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонунҳо баррасӣ намуда, сипас ҷорӣ намудани қоидаҳои нав шурӯъ мешавад.
- Қонунҳо таҳкурсие мебошанд, ки ба ҷорисозии қоидаҳои техникӣ ба мо имкон медиҳанд, - идома медиҳад Деманж. – Алҳол ҳамаи қайдҳо дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар коғаз дарҷ меёбанд ва мо пешниҳод мекунем, ки ҳамааш ба шакли электронӣ гузаронида шавад, зеро дар ин ҳолат сифати кори тамоми низом беҳтар хоҳад шуд.
Муовини роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ қайд мекунад, ки айни замон дар ҳамдастӣ бо Вазорати адлия дар самти дастрас намудани сертификатсияи пурраи низоми электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ анҷоми корҳо ҷараён доранд.
- Ин низом аз лиҳози бехатарӣ ва нигаҳдории маълумот 100 дарсад аз сертификатсия гузаштаааст, - мегӯяд ӯ. – Ин низоми ҷиддии хизматрасонии давлатӣ буда, махсус барои Тоҷикистон таҳия шудааст. Барои кор рӯйи он таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аврупоӣ низ истифода шудааст.
Ба қавли Корин Деманж, кишвари асосие, ки барои таҳияи низом аз таҷрибаи он истифода шуд, Ҷумҳурии Молдова мебошад. Пас аз таҳлили ҳамаҷониба, маълум шуд, ки маҳз шароитҳои Молдова бештар ба шароитҳои Тоҷикистон ва имконоти технологии ҷумҳурии мо наздиктаранд.
Паҳлӯи дигари муҳими амалисозии ислоҳот дар низоми САҲШ кор бо аҳолӣ шуморида мешавад. Истеъмолгарони асосии хизматрасониҳои давлатӣ аҳолӣ мебошад ва онҳо бояд бидонанд, ки тамоми низом чӣ гуна кор мекунаду то кадом андоза пурсамар аст ва чӣ хел афзалиятҳо дорад.
- Дар нақшаи кор бо аҳолӣ якчанд самт муқаррар шудааст: дар Вазорати адлия Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ (маърифатнокӣ)-и ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳия ва моҳи январи соли 2019 бо фармоиши вазири адлия тасдиқ шуд, ки давоми солҳои 2019-2020 дар амал татбиқ мешавад. Мувофиқи Нақшаи мазкур, кормандони мақомоти САҲШ ҳамаи қоидаҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ғайр аз ин, мо бо аҳолӣ тавассути Фонди СММ дар соҳаи нуфус, СММ-Занон, Ташкилотҳои ҷамъиятии гуногун низ кор мекунем. Бо кумаки шарикон аҳолӣ, бо шумули сокинони минтақаҳои дурдасту кӯҳистон низ огаҳ карда мешаванд.








