Шахсоне, ки шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ маълумот додааст.
Дар иттилооти нашркардаи АМИТ «Ховар» гуфта мешавад, шаби 6-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.
«Дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки онҳо узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд ва бо супориши махсус 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд», - иттилоъ додааст маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҶТ теъдоди боздоштшудаҳоро 4 нафар баршумурдааст. Тибқи маълумоти ин мақомот, дар натиҷаи думболагирӣ ва амалиёт 15 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд. Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, амалиёт ҷиҳати муайян намудани алоқаҳои гурӯҳи ҷинояткор идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Почему жительница Кубодиёна напал с ножом на своих детей? В прокуратуре раскрыли подробности
«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Садовод из Джайхуна создал новый сорт граната – «Карими». Специалисты считают его национальным достоянием
ЕБРР запускает платформу онлайн-менторинга в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста