Дар Тоҷикистон сенарияи филми марбут ба бемории коронавируси COVID -19, ки қарор аст аз сӯйи муассисаи “Тоҷикфилм” филмбардорӣ шавад, омода шудааст. Дар ин бора мудири муассисаи “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар суҳбат бо Asia-Plus изҳори назар кард.
Шоҳиён гуфт, ки сенарияи филм дар ҳоли ба поён расидан аст ва рӯзҳои наздик филмбардории он оғоз мешавад.
“Ҳоло синопсис ё хулосаи достони филм омода аст ва дар назар аст давомнокии он 1 соату 20 дақиқа шавад. Коргардони филм Зайналобиддин Назаров, рӯзҳои наздик шакли ниҳоии сенарияро ба мо пешниҳод мекунад”, - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки хабари дар бораи COVID -19 таҳия шудани филмро Маҳмадсаид Шоҳиён моҳи июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд.
Ҳарчанд Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки ин филм дар тамоми минтақаҳои кишвар филмбардорӣ мешавад, вале аз гуфтани ҳаҷми умуми маблағе, ки барои он масраф мешавад худдорӣ кард. Зеро ба назари вай ҳаҷми маблағ аз қаҳрамонҳо, иншоот ва дигар ҷузъиёти филм вобаста аст. Ба гуфтаи мудири “Тоҷикфилм” дар ин филм ҳамчунин матолиби кишварҳои дигар ҳам истифода хоҳанд шуд, зеро ин як мушкили ҷаҳонӣ аст.
Шоҳиён мегӯяд дар филм нишон дода мешавад, ки чӣ гуна коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон зарбаи ҷиддӣ задааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста