Таҳиягарони Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро то 15% пешниҳод мекунанд.
Лекин ин сабукии сарбории андоз танҳо ба он андозсупорандагоне дахл хоҳад дошт, ки бо амалиёти ғайринақдӣ сарукор доранд.
Меъёри стандартӣ барои амалиёти андозбандишаванда, ки бо тариқи нақдӣ анҷом дода мешаванд, дар сатҳи ҳозира - 18% боқӣ мемонад.
Илова бар ин, дар лоиҳаи Кодекси нави андоз тадриҷан коҳишёбии меъёри ААИ барои амалиёти ғайринақдӣ ва баръакс, зиёдшавии ин меъёр барои анҷоми амалиёт тариқи нақдӣ пешбинӣ шудааст.
Ба ин тариқ, аз 1 январи соли 2024 кам кардани меъёри стандартӣ барои амалиёти ғайринақдӣ то 14% ва аз 1 январи соли 2027 - то 13% ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, меъёр барои андозсупорандагоне, ки ба анҷоми амалиёт тариқи нақдӣ идома медиҳанд, мутаносибан то 19% ва 20% боло бурда мешавад.
Дар лоиҳаи Кодекси нав меъёри пастшудаи ААИ барои амалиёти ғайринақдӣ – 5% ва барои амалиётҳои андозбандишавандае, ки бо тариқи нақдӣ анҷом дода мешаванд - 8% пешниҳод шудааст.
Пешниҳод мешавад, ки аз 1 январи солҳои 2024 ва 2027 - меъёри пастшуда барои амалиёти ғайринақдӣ бетағйир – 5% боқӣ гузошта шуда, барои амалиётҳои андозбандишавандае, ки бо тариқи нақдӣ анҷом дода мешаванд, мутаносибан - 9 ва 10% боло бурда шавад.
Дар Кодекси амалкунанда меъёри пастшудаи ААИ барои иҷрои корҳои сохтмон ва хизматрасониҳо дар соҳаи хӯроки умумӣ ба 7% ва хизматрасонии таълимӣ - 5% баробар аст.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, тайи 11 соли охир (солҳои 2010-2020) 44% аз ҳаҷми умумии воридоти маблағ аз пардохти андозро ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ААИ ташкил медиҳад. Андозҳо дар ин давра ба 68%-и даромади буҷет баробар буд.
Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав тариқи суроғаи http://www.itcmf.tj/kodeks ба баррасии ҷомеа пешниҳод шудааст.
Вазорати молия шарҳ медиҳад, ки бо назардошти пешниҳодҳои асосноки шаҳрвандон ба лоиҳа тағйирот ворид шуда метавонад. Пешниҳодҳои шаҳрвандон то 25 феврали соли ҷорӣ қабул мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала дастур дод, ки лоиҳаи нави Кодекси андоз бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони кишвар таҳия карда шавад.
Президент зикр кард, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Почему жительница Кубодиёна напал с ножом на своих детей? В прокуратуре раскрыли подробности
«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Садовод из Джайхуна создал новый сорт граната – «Карими». Специалисты считают его национальным достоянием
ЕБРР запускает платформу онлайн-менторинга в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста