Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосирро, аз қабили таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳо таъкид карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия - Раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро ҷиҳати истифодаи имкониятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намуданд.
Қаблан зикр гардида буд, ки раиси кунунии САҲА, вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде аз 11 то 15 апрел аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад.
Дар назар аст, ки имрӯз Анн Линдеро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста