Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 октябр Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар изҳороти якҷояи ширкаткунандагони Ҷаласа ҷонибҳо зикр кардаанд, ки вазъи Афғонистон мураккаб боқӣ монда, амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд.
Зикр шудааст, ки дар ҳошияи равандҳои ташаннуҷи вазъият, тамоюли ҷалбсозии ҷавонони мансуби миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ҷой дорад.
Созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ зикр кардаанд.
Барои ба эътидол даровардани вазъияти Афғонистон истифодаи имконияти ташкилоти байналмилалие, ки иштирокчиёни ҷаласа узви онҳо мебошанд, мувофиқи мақсад дониста шудааст.
Иштирокдорони ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки баҳри ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро коркард намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста