Латифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки "Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг бо Афғонистон, метавонад нақши бисёр муҳим ва асаргузор дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дошта бошад”.
Оқои Пидром афзудааст, ки наметавон нақши муассир ва корсози Тоҷикистонро дар ҳалли бӯҳронҳои минтақавӣ нодида гирифт.
"Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъгириҳои инсонӣ ва башардӯстона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ дар робита ба бӯҳрони мавҷуди Афғонистон ҷойгоҳи баландеро ба даст овардааст", - навиштааст Латифи Пидром.
Дар идома Пидром гуфтааст, ки "ҷунбиши муқовимат бо номи тоҷикон гиреҳ хӯрдааст. Тоҷикон ҳам акнун дар сафи аввали набард ба муқобили Толибон ва ишғолгарон қарор доранд".
Ӯ дар идома хотирнишон кардааст, ки "муқовимат ба номи тоҷикон" ба ин маънӣ нест, ки аз дигар ақвом сарфи назар шавад, балки ин ҷунбиш барои истиқлоли Афғонистон ва барои ҳамаи қавмҳо аст”.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, гиреҳ хӯрдани муқовимат ба номи тоҷикон ба ин маънӣ нест, ки аз ақвоми дигар дар ҷабҳаи муқовимат вуҷуд надорад ва тоҷикон фақат аз манотиқи тоҷикон дифоъ мекунанд.
“Ин ҷунбиш барои истиқлоли кишвар ва баробарии ҳамаи ақвом дар як сохтори ҷадиди сиёсӣ мубориза мекунад. Ҳадафҳои ин ҷунбиш умумӣ ва ҳамашумул аст", - таъкид доштааст ӯ.
“Тройка” дар истилоҳҳои сиёсӣ ба маънои нишаст ё музокироти сеҷониба аст. Аммо Русия ба ин далел онро Тройкаи тавсеаёфта мехонад, ки илова бар Русия, Чин ва Амрико, Покистон низ ба ин нишаст даъват шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста