Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024» қарор қабул кард.

Дар санади нашршуда дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гуфта мешавад, кӯчонидани аҳолӣ аз кӯҳистон ба водиҳо ба ҳалли мушкилоти демографӣ равона шудааст.

Ҳамчунин ин қарор ба омилҳои дар водиҳои кишвар ташкил кардани “шаҳракҳои нави муосир бо шароити мусоиди моддӣ-маишӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ" асоснок карда мешавад.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, давоми се соли наздик 904 оила кӯчонида мешаванд, аз ҷумла соли 2022 - 300 оила, 2023 - 303 оила ва 2024 - 301 оила.

Қисмати зиёди оилаҳоеро, ки кӯч мебанданд, сокинони вилояти Хатлон – 552 оила аз 11 минтақаи кӯҳистон ташкил хоҳанд дод. Аксари оилаҳоро низ ноҳияҳои ҳамин вилоят қабул мекунанд, ба ғайр аз 35 оилае, ки ба шаҳри Турсунзода фиристода мешаванд.

Ҳамчунин 212 хонаводаи навоҳии Рашту Тоҷикобод, ки маҳалли иқомати навашон ноҳияи Файзобод, инчунин Носири Хисрав ва Хуросони вилояти Хатлон хоҳад буд, бояд кӯчонида шаванд.

Муҳоҷирати дохилӣ ба 90 хонавода аз навоҳии Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ дахл хоҳад кард, ки ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯч мебанданд.

Ноҳияи Хуросон давоми се соли наздик инчунин 50 оиларо аз ноҳияи Дарвоз ва Ишкошими ВМКБ қабул хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.