Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳамадов, писари раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро, ки бо касби 72,9 дарсади оро пирӯзи интихоботи рӯзи 12-уми марти ин кишвар эълон шуд, табрик намудааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки “натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар кишваратон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намуданд”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ ба нафъи мардумони ду кишвар ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод таъкид намудааст.
- Мо ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бар усули шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти хосса медиҳем, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома ба фаъолияти Сардор Бердимуҳаммадов комёбиҳо ва ба мардуми Туркманистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии доманадорро орзу намудааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 15 март мақомоти Туркманистон эълон карданд, ки дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов бо касби 72,97% дарсади орои мардум роҳбари нави ин кишвар шуд.
Интихоботи президентии ин кишвар рӯзи 12 марти соли равон баргузор шуд. Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадови 40-соларо пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон кард.
Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ, ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади райъи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос.
Акнун Сардор Бердимуҳаммадов дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз Илмҳом Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон дувумин нафарест, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос мебарад, ҳарчанд талошҳои ин гуна интиқоли қудрат дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ вуҷуд дошт.
Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент, Сардор Бердимуҳаммадов, қабул карда буданд, ки акнун воқеият шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста