Соли равон аз макони хавфнок ба ҷойи дигар кӯчонидани 222 хонавода дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла 88 хонавода аз вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва Кӯшониён дар қитъаҳои хатарноки дарёву сой ва наҳрҳо корҳои соҳилмустаҳамкунӣ мегузаронанд.
Дар доираи он корҳои чуқуру мустаҳкам ва тозакунии маҷрои дарёҳо, инчунин дар як қатор ҷамоатҳои ноҳияҳо тоза кардани иншооти обрасон аз партовҳо анҷом дода шуданд.
Ҳамчунин кормандони Кумита байни аҳолӣ оид ба омодагӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Тибқи маълумоти КҲФ, соли 2021 бар асари ҳолатҳои фавқулода ҳамагӣ 1274 хона, аз ҷумла 257-то пурра ва 36 манзил қисман осеб диданд.
Ҳаҷми умумии зарар аз офатҳои табиӣ дар соли 2021 зиёда аз 141 млн сомониро ташкил дод.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи марти соли равон Бонки ҷаҳонӣ татбиқи грантро ба маблағи 50 млн доллар дар доираи Лоиҳаи тақвияти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон маъқул шуморид.
Кумаки бебозгашт аз ҳисоби Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд барои “таҳкими устувории зербинои калидӣ ба хавфҳои табиӣ, беҳбуди тадбирҳо бобати сабуксозии хавфҳои марбут ба иқлим ва тақвияти имконоти миллӣ дар бахши идоракунии хавфҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли таъкид дошта буд, ки ин кумак аҳамияти муҳим дорад, зеро барои ҳифзи одамон, сарчашмаҳои даромад ва зерсохтор ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ёрӣ мерасонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.






Авиарейсы между Таджикистаном и Ираном временно отменены
США и Израиль нанесли удары по Ирану. В ответ Иран атаковал Израиль и американские базы на Ближнем Востоке. Что происходит?
Золотой голос «Гульшана». Памяти народного артиста Таджикистана Умара Зиёева
Перед школами в районе Рудаки появилась базовая инфраструктура дорожной безопасности
Китай весной: куда ехать, чтобы увидеть всё настоящее
Человек, влюбленный в телевидение. Памяти актера и режиссера Акбара Джураева
Мой ребенок хочет держать пост. Что мне и ему важно знать?
Где заверить документы в Душанбе? Обзор нотариальных контор столицы
Эмомали Рахмон поручил обеспечить реализацию госпрограмм по развитию дошкольного образования и цифровой экономики
И вкусно, и комфортно: где провести ифтар в Душанбе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста