Умеда Аҳадова, як сокини Душанбе, ки 23-юми март бедарак ва баъдан аз Норак пайдо шуд, дигарбора бедарак шудааст. Наздиконаш бори дигар аз мардум мехоҳанд дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд.
Ин ҷавондухтар рӯзи 1 июн, соати 22-и шаб аз хона баромада бедарак шудааст. Кофтукб ва талошҳои наздиконаш то кунун натиҷае надодааст.
Самирҷон, писари холаи Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки се рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст. Ҳоло намедонанд, ки духтари холааш дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор дорад. Самирҷон мегӯяд, аз бедарак шудани Умеда нигарон аст, чун ӯ гирифтори бемории руҳӣ мебошад.
Ба гуфтаи ин ҷавон, Умеда ҳамроҳи модараш танҳо зиндагӣ мекунад ва ҳамеша зери назорат аст, вале баъзан аз фурсат истифода бурда аз хона танҳо берун мешавад.
Ӯ гуфт, ки шаби 1-уми июн низ аз хоб будани модараш истифода бурда,берун баромадааст.
«Вақте Умеда мебинад модараш алакай хоб аст калиди хонаро, ки модараш дарро қулф карда дар даст гирифтааст, ба оҳистаги гирифта дарро мекушояд ва бозпас калидро дар назди модараш мегузорад. Модараш баъди муддате бедор мешавад, мебинад калидҳо дар наздашан, вале духтараш нест. Ӯ духтарашро садо мекунад, вале ҷавоб намегирад. Дарҳол ба назди дар меравад, ки дар бо калид кушода шудааст ва Умеда дар хона нест», - қисса кард Самирҷон.
Ин ҷавон мегӯяд, ки баъди нашри хабари бедарак шудани Умеда дар шабакаиҳои иҷтимоӣ, ронандаи таксие ба онҳо тамос гирифта гуфтааст, ки ҷавондухтаро дар маҳаллаи 84-и пойтахт дидааст ва ӯ ба шаҳри Ваҳдат равона будааст.
«Ронандаи таксӣ занг зада гуфт, ки Умеда гуфтааст, ки бояд ба хонаи дугонааш ба Ваҳдат меравад ва баъдан ҳамроҳ ба маъракае мераванд».
Аммо Самирҷон мегӯяд, ҳоло аз ҳеҷ қуҷое Умедаро пайдо накардаанд. Ин хонавода ба милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ низ ариза барои пайдо намудани Умеда навиштаанд.
Хотиррасон мекунем, ки Умеда Аҳадова, ҷавондухтари 18-сола, ки рӯзи 23 март бедарак гардида буд, ки баъдан аз шаҳри Норак пайдо гардид.
Қаблан низ хоҳарбузурги Умеда гуфта буд, ки ба далели бемории руҳи доштани ҳоҳарашон ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, ки як маротибаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолаш гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард.
Наздиконаш аз ҳама касоне, ки маълумоте дар бораи Умеда доранд, хоҳиш мекунанд, ки бо ин рақам тамос бигиранд: (+992) 901720100
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




В Вахше утонул трехлетний ребенок. Спасатели нашли его тело
Минтруда Таджикистана объявило конкурс на получение грантов для ремесленников
Пакистан объявил «открытую войну» талибскому Афганистану – Минобороны
В Национальном центре тестирования Таджикистана начинается регистрация абитуриентов. Отвечаем на важные вопросы
ВПП ООН приглашает присоединиться к своему реестру поставщиков товаров и услуг
Виктор Рассадин: путь из Среднеколымска к победам под флагом Таджикистана
В Таджикистане объявили о лавинной опасности
Министр иностранных дел стран Центральной Азии и Великобритании встретились в формате «C5+1». Что обсудили?
Пока в мире животных признают членами семьи, в Таджикистане их нужно спасать от жестокости людей
США и Иран провели в Женеве «самые серьезные» переговоры по ядерной программе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста