Русия, Эрон, Чин ва Покистон барои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, артиши Покистон, Вазорати хориҷаи Эрон ва Вазорати хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки кишварҳояшон омодаанд ба осебдидагони заминларзаи Афғонистон кумак кунанд.
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар пайи вуқӯъи заминларза дар Афғонистон эълом кард, ки Маскав омода аст дар сурати дархости Кобул, кӯмакҳои лозимро ба ин кишвар ироа кунад.
Захарова гуфт: "Дар сурати дархости Кобул, Маскав омодааст то кӯмакҳои лозимро ба мардуми дӯсти Афғонистон ироа кунад."
Вонг Ванбин, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳам имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфтааст: "Афғонистон як кишвари ҳамсоя ва дӯст аст. Мо омодаи кӯмакҳои башардӯстонаи изтирории мутобиқ ба ниёзҳои Афғонистон ҳастем."
Дар ҳамин ҳол артиши Покистон дар баёнияе бо ибрози ҳамдардӣ ба фавтидагони ин ҳодиса гуфтааст, ки артиши Покистон омодаи ироаи тамоми кӯмакҳои башардӯстонаи лозим ба мардуми ин кишвар аст.
Аз сӯйе ҳам Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ин кишвар дар пайи ҳодисаи талх ва андуҳбори заминларза дар ҷанубу шарқи Афғонистон, ки боиси марг ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёде аз мардуми Афғонистон ва ҳамчунин хисороти моддӣ шудаанд, мутаассир аст.
Сайид Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки Эрон барои ҳар гуна кумак ба осебдидагони заминларза омодаи кумак ба Афғонистон аст.
Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар Твиттери худ навиштааст, ки "ба давоми кумакҳо ба осебдидагони заминларза ду ҳавопаймо кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба кишвар расид”.
Ӯ дар идома аз кумакҳои башардӯстонаи Қатар низ ёдовар шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Правила успеха таджикского мастера Комила Боймуродова: топ-10 важных советов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2025 года
Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста