Кумаки башардӯстона, ки тавассути Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) барои Афғонистон таҳия гардидааст, 26-уми ноябри соли 2021, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди ин кишвари ҳамсоя расонида шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.
“Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд”, - менависад ин расона.
Зикр мегардад, ки Тоҷикистон аввалин кишварест, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод ба Афғонистон пешниҳод намудааст.
Гуфта мешавад, ки ин масъала дар суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш 26-уми август баррасӣ ва мувофиқа шудааст.
Президенти Тоҷикистон дар суҳбати телефонии хеш бо Антониу Гутерриш таъкид намудааст, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад”.
“Вобаста ба ин омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд”, - менависад АМИТ “Ховар”.
Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон, Тоҷикистон нигаронии амиқи хешро аз вазъи сиёсии баамаломада иброз намуда, таъкид карда буд, ки ҳукумати ин гуруҳро ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият нахоҳад шинохт, аммо ҳамеша таъкид менамуд, ки ҷонибдори кӯмак ба мардуми Афғонистон аст.




Правила успеха таджикского мастера Комила Боймуродова: топ-10 важных советов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2025 года
Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста