Дирӯз, 7-уми ноябр, дар шаҳри Тамбови Русия Руслан Муллохолов, тоҷики дар амалиёти вижаи Русия дар Украина кушташударо ба хок супоридаанд. Дар ин бора пойгоҳи “tvolk.ru” иттилоъ медиҳад.
Ин ҷавони тоҷики шаҳрванди Русия, 24 сентябри соли расон дар наздикии шаҳри Купянски вилояти Харков ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Ба навиштаи ин пойгоҳ Руслан Муллохолов соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1999 бо оилааш ба Расказово кӯчидааст. Мактаби миёнаро дар ин ноҳия хонда, пас аз хатми синфи 9-уми дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо ихтисоси андовачӣ-рангуборчӣ таҳсил намудааст.

“Пас аз хатми хидмат дар сафи артиши Русия ӯ тавассути шартнома хидмати ҳарбиро ба ҳайси мерган дар ҳайъати нерӯҳои вижа дар шаҳри Тамбов идома медиҳад. Сержанти хурди гвардия Руслан Муллохолов на як бору ду бор барои иштирок дар амалиёти махсус ба сафари хидматӣ рафтааст”, - менависад ин пойгоҳ.
Руслан Муллохолов бо духтари русе оила бунёд карда, соҳиби духтарчаи 2,5-сола будааст.
Бино ба иттилои пойгоҳи зикршуда, Руслан Муллохолов бо медали “Барои бозгашти Қрим”, “Иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар Сурия”, “Барои ҷасорати ҳарбӣ”, медали Суворов ва медали «Барои шуҷоат» қадрдонӣ гардидааст.

Қаблан оид ба кушта шудани тоҷике дар Украина дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ маълумот интишор шуда буд, аммо дар хусуси Руслан Муллохолов маълумоти муфассал пешниҳод намегардид.




Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста