Савдои дуҷониба байни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ суръати устувори афзоишро нигоҳ медорад, хабар медиҳад “Синхуа” бо истинод ба вазири тиҷорати Чин Ван Вэнтао.
“Дар муқоиса бо 2 моҳи соли гузашта дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 22% афзуд”, - гуфтааст Вэнтао дар вохӯрии вазирони иқтисод ва савдои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳафтаи гузашта тариқи видеоконфронс баргузор шуд.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи гардиши молу маҳсулот миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли гузашта ба 70,2 млд доллар расидааст, ки рекорди таърихӣ мебошад.
Вэнтао зикр кард, ки соли 2022 воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, энергетикӣ ва минералӣ ба Чин аз ин кишварҳо беш аз 50% афзуда, афзоиши содироти маҳсулоти мханикӣ ва электронӣ аз Чин ба минтақа 42%-ро ташкил дод.
Ӯ таъкид дошт, ки то охири соли 2022 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Чин ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб ба 15 млрд доллар расид.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазири Чин, соли гузашта як қатор лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳое чун иктишоф, истихроҷ ва коркарди нафту газ, алоқа ва технологияҳои рақамӣ роҳандозӣ шудааст.
Ван Вэнтао гуфт, Чин ба кор бо кишварҳои минтақа барои пешбурди шеваҳои нави тиҷорат ва сармоягузорӣ, инноватсияҳо ҳамчун ҳавасмандӣ барои рушд, таъмини амният ва суботи занҷираҳои арзиши саноатии минтақа, дастгирии низоми тиҷорати бисёрҷониба ва ба муҳаррики рушд табдил додани савдои наздисарҳадӣ омода аст.
Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар навбати худ ба муттаҳид намудани талошҳо бо Чин баҳри таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо ва сармоягузорӣ, иқтисоди рақамӣ, рушди “сабз” ва ҳамлу нақли транзитӣ изҳори омодагӣ карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохтори савдои шаш кишвар дар бораи имзои як қатор санадҳои ниҳоӣ дар нишасти Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин оғози савдои электронӣ барои шиносоии истеъмолгарони Чин бо маҳсулоти минтақа гуфтушунид ва тавофуқ ҳосил карданд.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста