Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро рӯзи 28-уми декабр ба парлумони кишвар ироа мекунад. Дар ин хусус дафтари матбуотии палатаи болоии парлумони кишвар хабар додааст.
“Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 28 декабри соли 2024, соати 7-30 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад”, - омадааст дар хабар.
Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дахл намуда, дар назди вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, дипломатҳо, рӯзноманигорон ва ходимони ҷамъиятӣ паёми солонаи худро бихонад.
Илова бар ин, дар назар аст, ки рӯзи 27-уми декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин иҷлосия вакилони палатаи болоӣ қонунҳоеро, аз ҷумла “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва ҳисобдории ҳуқуқвайронкуниҳо”, “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”, тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи қаъри замин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, низ рӯзи 28-уми декабр, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ироа карда буд. Аз 30 то 40 дарсад боло бардоштани маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024, таъкиди хидматҳои соҳибкорони кишвар дар бунёди макотибу роҳҳо ва муҳоҷирату паёмади пазируфтани шаҳрвандии кишвари дигар аз муҳимтарин нукоти паёми қаблии раисҷумҳур буд.
Ӯ ҳамчунин аз дастовардҳое, ки кишвар дар солҳои охир ноил шудааст, гуфта буд. Ҳамзамон, ӯ аз мушкилиҳои соҳа ёдовар шуда, барои ҳалли онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта буд.
Раисҷумҳур таъкид карда буд, ки бартараф кардани камбудиҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳими рӯз вазифаи муқаддаси ҳар як роҳбар мебошад, новобаста аз он ки онҳо аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ ё фаъолон бошанд.
Ӯ ҳамзамон зикр кард, ки дар шароити таҳдидҳо ва ноустувории ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бояд муттаҳид бошад ва ҳамаи талошҳо бояд ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди кишвар равона карда шаванд.
Дар нусхаи телевизионии паём, президент масъалаи муҳоҷиратро низ баррасӣ намуда, изҳор дошта буд, ки ҳазорҳо занон ва мардони тоҷик бинобар беэътиноии роҳбарияти кишвар ба ниёзҳои онҳо, дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Аммо, дар нусхаи расмии паём ин масъала танҳо қисман дарҷ гардида, таваҷҷӯҳ ба зарурати омодасозии кадрҳои баландихтисос равона шуда буд.
Маълумоти бештар дар бораи он чӣ ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми қаблӣ гуфта буд, дар маводи мо “Маош, барқ ва таърифи соҳибкорони ватандӯст. Матни пурраи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон”, бихонед.





Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста