«Агроинвестбонк» эълом дошт, ки ба фурӯши амволи худ бо нархҳои дастрас шурӯъ мекунад. Автомашина, компютеру таҷҳизоти хазинадорӣ ва дигар амвол ба фурӯш гузошта шудааст.

«ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳо ва шахсони воқеии ҳавасмандро барои интихоб ва харидорӣ намудани маводҳои зарурӣ, аз қабили автомашинаҳои сабукрав ва боркаш, таҷҳизотҳои компютерии муосири баландсифат, дастгоҳҳои хазинавии замонавӣ даъват менамояд», - омадааст дар эълони бонк.

Аз ҷумла, ба харидорон 17 адад автомашинаи баъди соли 2003 мавриди истифода қароргирифта, наздики 550 адад техникаи компютерӣ ва таҷҳизоти муосири хазинавӣ пешниҳод мегардад.

Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд барои маълумот ва дархостҳо ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-21, Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк». Маълумотҳо дар бораи амволҳои Бонк аз сомонаи agroinvestbank.tj дар шакли ҷадвал қобили дарёфт аст.

Барои дастрасии таҷҳизотҳои компютерӣ бо телефонҳои: (44) 600-57-16, (44) 600-53-27, (44) 600-59-05, 236-51-69 ва автомобилу дастгоҳҳои хазинавӣ: (44) 600-68-68,  (44) 600-53-19, (44) 600-53-13, (44) 600-53-05, 236-62-68, 918-61-17-67 муроҷиат карда метавонед.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли гузашта «Агроинвестбонк» дар вазъи душвори молӣ қарор дошта, дар ин робита аз таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи уҳдадориҳояш назди мизоҷон баромада наметавонад.

Аввали соли равон ҷиҳати наҷоти ин бонки низомсози кишвар ҳукумат ба сифати кумаки молӣ ба ин муассисаи молявӣи 1 млрд. 70 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Дар бонк мегӯянд, ин кумак асосан барои пардохти маблағи қарз аз андоз ва қарзҳои беруна равона гардида, ба беҳбуди фаъолияти бонк мусоидат намуд. Муҳлати баргардонидани ин воситаҳо 5 сол аст.

Давоми соли ҷорӣ бо мақсади солимгардонии вазъи кор ба «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро сабукдӯш кунад.

«Аз оғози сол фаъолияти 103 марказҳои хизматгузории бонкӣ, 5 филиал ва 1 департаменти амалиётӣ боздошта шуд, ки ба туфайли он хароҷот, аз ҷумла коммуналӣ ба таври назаррас кам шуд, - хабар дода буданд аз бонк. - Шумори ихтисори кормандони бонк дар ин давра 1520 нафарро ташкил дода, ба санаи 1 октябр ҳайати шахсии кормандони бонк 524 нафар боқӣ монд».

Ба санаи 1 октябри соли равон ҳаҷми дороиҳои бонк - 1 млрд. 835 млн., сармояи тавозунӣ - 157 млн., бақияи сандуқҳои қарзӣ ва амонатӣ - мутаносибан 1 млрд. 171 млн. ва 1 млрд. 148 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Бино ба маълуомти Бонки миллии Тоҷикистон, тӯли 9 моҳи соли равон ҳаҷми уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» назди мизоҷон 800 млн. сомонӣ - аз беш аз 2,4 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд. сомонӣ кам шуд.