Шарҳи рӯйдодҳои асосии байнулмилалии ҳафтаи сипаришуда, ки ба минтақаи Осиёи Марказӣ дахл доранд - аз таҷлили ҷашни 9 май ва гузашти низомӣ дар Маскав то дастурҳои нав дар бораи сафарбарӣ дар Русия ва интихобот дар Туркия.
9 май дар Маскав: гузашти низомӣ-2023
Яке аз рӯйдодҳои баҳсбарангези ҳафтаи гузашта гузашт ё сафороӣ (парад)-и низомии рӯзи 9 май дар Маскав ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ғалаба буд.
Дар муқоиса бо гузаштҳои ҳарбии пешина, ин дафъа шумораи мошинҳои зиреҳпӯш хеле кам буд, танкҳо танҳо Т-34-и кӯҳна буданд ва дар маҷмӯъ ҳама чиз хеле хоксортар гузашт ва вақти камтарро гирифт. Дарвоқеъ, гузашт яке аз кӯтоҳтарин дар таърих буд: он 45 дақиқа давом карда, иштироки неруҳои ҳарбии ҳавоӣ аз барнома хориҷ карда шуд.
Тавре ки ВВС менависад, маъмулан дар гузашти низомӣ намунаҳои навтарини техника, аз қабили «Армат», «Курганец» ва «Коалицияҳо» муаррифӣ мешуданд; аммо ин дафъа ба сифати мошинҳои зиреҳпӯши ояндадор танҳо бумерангҳо намоиш дода шуданд. Махсусияти дигари ин гузашт, ба навиштаи нашрия, ҳузури эҳтимолии зархаридони Ширкати хусусии ҳарбии (ЧВК) "Вагнер" аст, ки диктор онҳоро "ҷангиёни отрядҳои ҳамлавар" номид.
Рӯзи Ғалаба барои Русияи пасошӯравӣ ҳамеша аҳамияти бузурги рамзӣ ва идеологӣ дошт, ки роҳбарияти давлат аз он барои боло бурдани нуфузи геополитикии кишвар истифода мекард; дар натиҷа ҳар сол ба ҷашни он даҳҳо роҳбарони хориҷӣ даъват карда мешуданд.
Теъдоди онҳо, ба навиштаи “Голос Америки”, бо бад шудани равобити Русия бо Ғарб тағйир ёфт - аз ин рӯ, то соли 2009 ин чорабинӣ бо ҳузури сарони давлатҳо (масалан, ИМА, Фаронса, Ҷопон, Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, инчунин кишварҳои назди Балтика), ҳамчунин мансабдорони воломақоми хориҷӣ (муовини сарвазири Британияи Кабир, генерал-губернатори Канада), роҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ (дабири кулли СММ, директори генералии ЮНЕСКО), собиқ сарони кишварҳо (собиқ шоҳи Руминия, собиқ президентҳои Лаҳистон ва Кипр) мегузашт.
Илова бар ин, як қатор давлатҳои ИДМ ва аъзои эътилофи зиддигитлерӣ, аз ҷумла ИМА, Фаронса, Лаҳистон, Англия барои иштирок дар сафороии соли 2010 воҳидҳои худро фиристоданд, ки тасаввури он имрӯз ғайриимкон аст.
Пас аз ишғоли Қрим дар соли 2014 теъдоди меҳмонони олирутба ва бахусус ҳайати онҳо башиддат коҳиш ёфт. Ба ҷои раҳбарони ғарбӣ меҳмонон аз кишварҳои ҷаҳони сеюм бештар шуда, байни даъватшудагон Ҳиндустону Чин бонуфузтарин қудратҳо шуданд.
Дар солҳои 2020-2023 омилҳои иловагӣ, ки доираи таҷлил ва шумораи меҳмонони хориҷиро маҳдуд карданд, пандемия ва ҷанг дар Украина буданд. Дар соли 2021, дар авҷи пандемияи коронавирус, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ягона раҳбари хориҷӣ буд, ки дар гузашти Маскав ширкат варзида, бо Путин дидору гуфтушунидҳо анҷом дода буд.
Ин дафъа барои нахустин бор дар чанд соли ахир дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав танҳо раҳбарони ҳафт кишвари пасошӯравӣ: Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистон ҳузур доштанд.
То авввали моҳи май президенти Қирғизистон Садир Жапаров ягона раҳбари Осиёи Марказӣ буд, ки ҳузури худро дар паради низомӣ дар Русия таъйид кард.
Дигар президентҳо то ба наздикӣ ба ҷашн омаданӣ набуданд. Ҳамин тавр, манобеъи расмии Қазоқистон ду ҳафта пеш аз ҷашн изҳор дошта буданд, ки президенти Қазоқистон рӯзи 9 майро дар Остона мегузаронад.
Ба ин муносибат дар расонаҳо ва ҷомеаи коршиносон дар бораи сабабҳои чунин тағйироти ногаҳонӣ дар протоколи дипломатӣ баҳс оғоз шуд. Бисёриҳо, махсусан дар расонаҳои ғарбӣ ба заминаҳои сиёсии иштироки раҳбарони кишварҳои ИДМ дар ҷашн таваҷҷуҳ доштанд - аз ҷумла, ба назари радиои "Голос Америки”, бисёре аз нозирон дар ин ҷо боз як кӯшиши Маскавро диданд, ки умуман дар бунбасти байналмилалӣ набудани Русияро ба тамоми ҷаҳон нишон доданӣ буд.
Дар ҳамин ҳол, тавре нашрия зикр мекунад, бештари коршиносони ғарбӣ бар ин назаранд, ки иштироки президентҳои ИДМ дар ҷашни Маскав аслан маънои онро надорад, ки онҳо омодаанд аз мавқеи бетарафии худ дар мавриди муноқишаи Русияву Украина даст кашанд.
Баръакс, сафари сарони кишварҳои ИДМ ба Маскав барои нигоҳ доштани мувозинат дар муносибатҳои худ бо Федератсияи Русия ва Ғарб истифода шуд.
Ба ибораи дигар бо пазируфтани даъвати ҳузур дар ҷашни 9-уми май раҳбарони кишварҳои ИДМ бо Маскав равобити хуберо нигоҳ доштанд; дар баробари ин, ба гуфтаи коршиносон, онҳо ҳоло ҳам ният доранд, сиёсати масофагирӣ аз ҷанг дар Украина ва нигоҳ доштани равобити хуб бо Ғарбро боқӣ гузоранд.
Чизҳои нав дар муҳоҷирати корӣ ва сафарбарии ҳарбӣ
Ҳафтаи гузашта як қатор фармонҳо ва хабарҳои ҳукумат дар бораи сафарбарии ҳарбӣ дар Русияро низ овард. ИН масъалаест, ки ҳам барои худи русҳо ва ҳам барои чанд миллион зодагони кишварҳои ИДМ, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, аҳамияти бузург дорад. Муҳимтарини онҳо фармони президент Путин дар бораи чораҳои коҳиш додани хуруҷи аҳолӣ ба хориҷ аст.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ рӯзи 12 май фармонеро имзо кард, ки дар он ба Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия тағйирот ворид карда шудааст. Дар фармон аз зарурати андешидани чораҳои иловагӣ “барои эҷоди механизмҳои ҷолиби молиявӣ, иҷтимоӣ ва дигар механизмҳои нигоҳдории сармояи инсонӣ, коҳиш додани хуруҷи аҳолӣ ба хориҷа сухан меравад”.
Илова бар ин, дар ин фармон ҳамчунин афзоиши миқёси “ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони хориҷӣ ба амалисозии фаъолияти меҳнатӣ” дар қаламрави Русия пешбинӣ шудааст.
Зоҳиран, тайи як соли ахир рафтани беш аз як миллион шаҳрванди Русия (асосан синни даъватӣ) ба хориҷа камбуди кадрҳоро дар бозори меҳнати Русия ба вуҷуд овардааст.
Барои ҳалли мушкилот мақомоти Русия аз як сӯ ният доранд, ки хуруҷи ҷавононро ба хориҷа боздоранд; аз тарафи дигар, афзоиши муҳоҷирати меҳнатиро асосан аз кишварҳои ИДМ ҳавасманд созанд.
Мушкилот сари он аст, ки дар фармон дақиқ гуфта нашудааст, ки мақомот чӣ гуна ва бо кадом восита ба ин ҳадафҳо расидан мехоҳанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки кадом омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба хориҷа рафтани аҳолӣ ва ҷавононро бозмедоранд. Сатҳи муҳоҷирати корӣ баланд, аммо то ҳол аз нишондиҳандаҳои тобуҳронӣ поинтар боқӣ мемонад - ба навиштаи Лента.ру, теъдоди муҳоҷирони корӣ на танҳо зиёд нашудааст, балки дар муқоиса бо замони пеш аз Ковид 15,3 фоиз кам шудааст.
Илова бар ин, дар Русия ҷамъомади солонаи захираҳои низомӣ эълон шуд - ин гӯё чизи махсусе нест, аммо дар пасманзари вазъияти душвори низомӣ дар Украина ин иқдоми мақомот мавҷи нави баҳсҳоро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Бархе аз коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия, гузориш медиҳад Ходорковский LIVE, бар ин назаранд, ки дар соли ҷорӣ омӯзиши низомӣ метавонад яке аз унсурҳои сафарбарии пинҳонӣ бошад. Ба ақидаи онҳо, агар фармонро дақиқан мутолиа кунед, ҳамаи навъ ва категорияҳои уҳдадорони хидмати ҳарбиро ҷамъ мекунанд ва муҳлати анҷоми он зикр намешавад.
Ҳамчунин ҳоло даъвати ҳарбӣ ҷараён дорад, аз ин рӯ наметавон истисно кард, ки дар ҷараён ё анҷоми тамринот ба иштирокчиёни онҳо пешниҳоди имзои қарордоди низомӣ мешавад. Гузашта аз ин, ҳомиёни ҳуқуқ шаклҳои гуногуни маҷбуркунӣ ва фишор болои даъватшавандагони эҳтимолиро истисно намекунанд, ки тайи як соли охир чандин бор рух дода буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои шабакаи телеграми Сирена, аллакай дар моҳи апрел марказҳои муҳоҷирати Русия корҳоро барои сафарбарии муҳоҷирон меҳнатӣ вусъат додаанд. Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрия, ҳангоми пешниҳоди асноди муҳоҷир барои гирифтани патенти корӣ, кормандони маркази «Сахарово»-и Маскав уҳдадоранд ки ба ӯ китобчаи таблиғи хидмати ҳарбиро супорида, ба нуқтаи анҷоми расмиёти қарордод бифиристанд.
Кормандони Сахарово ба хабарнигорон гуфтаанд, ки қаблан кор бо муҳоҷирон танҳо ба таври шифоҳӣ сурат мегирифт, вале ҳоло ҳама чиз хеле муташаккил шудааст.
Ғайр аз ин, чунин шуморида мешуд, ки ба тоҷикон иштирок дар даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар манъ буда, танҳо ба ӯзбекҳо шартнома пешниҳод карда мешуданд; акнун онро ба ҳама пешниҳод мекунанд.
Барои хидмат дар артиш ба муҳоҷирон шаҳрвандии Русия, ҳар моҳ на камтар аз 190 ҳазор рубл ва ҳамчунин имтиёзҳои зиёди иҷтимоӣ – тиббӣ, нафақа ва манзил ваъда шудааст.
Нашрияи Настоящее время ҳамчунин менависад, дар маҷмӯъ дар Русия аз баннеру варақа ва нуқтаҳои сайёри таблиғотӣ ба ҷалби мустақими муҳоҷирон ба ҷанги зидди Украина гузаштаанд.
Гуфта мешавад, ки аз аввали моҳи май кормандони вазорати мудофиа дар марказҳои муҳоҷират бо муҳоҷироне, ки барои дарёфти иҷозатномаи кор меоянд, сӯҳбатҳои шахсӣ мегузаронанд.
Ба эътиқоди коршиносони нашрия, бо сабаби имкон надоштани эълони расмии сафарбарии умумӣ дар саросари Русия, мақомоти Русия маҷбуранд, ки мутобиқ шаванд ва озмоиш кунанд; кор бо муҳоҷирони корӣ яке аз унсурҳои стратегияи нав мебошад.
Гузашта аз ин, агар қаблан ба даъватшавандагон то 400 ҳазор рубл пешниҳод мешуд, ҳоло маблағи пардохт то 180-200 ҳазор кам шудааст.
Ба ин тартиб, коршиносон бар ин назаранд, ки бо авҷ гирифтани амалиёти ҷангӣ дар Украина, миқёси талошҳо барои ҷалби муҳоҷирони корӣ пайваста афзоиш хоҳад ёфт.
Интихобот дар Туркия – натиҷаҳои аввалин
Рӯзи 14 май дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд, ки таваҷҷуҳи қариб тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кард. Ин тааҷҷубовар нест, зеро дар тӯли 30 соли охир Туркия ба яке аз қудратҳои пешрафтаи минтақавӣ табдил ёфтааст, ки ҳадафҳои афзояндаи геополитикӣ дорад. Аз ин рӯ, натиҷаҳои интихобот, бешубҳа, ба инкишофи рӯйдодҳо натанҳо дар худи Туркия, балки умуман дар тамоми минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна, инчунин Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд.
Дар маҷмӯъ, чунин шуморида мешавад, ки пирӯзии мухолифин Туркияро ба сиёсати ғарбгароёна бурда, дар ҳамин ҳол бархӯрд бо Русия ва ҷанг дар Украина бештар интиқодӣ мешавад.
Дар сиёсати берунӣ самтҳои асосӣ боқӣ мемонанд; аммо интизор меравад, ки дар сурати пирӯз шудан, мухолифон ба ҳалли мушкилоти иқтисодии дохилии худ бештар таваҷҷӯҳ мекунанд.
Дар интихоботи парлумонӣ, бино ба гузориши РБК, пас аз ҳисоби 99,55%-и овозҳо дар аввали рӯзи 15 март эътилофи ҳокими «Республиканский альянс» зери сарварии Ҳизби адолат ва рушди президенти кунунии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз 600 курсии парлумон 49,3% ё тақрибан 322 курсиро ба даст оварда, мавқеъашро дар парлумон се курсӣ беҳтар кардааст.
“Эътилоиф мардумӣ”-и мухолиф бо раҳбарии Ҳизби мардумии-ҷумҳурихоҳи Камол Қиличдароғлу пешакӣ 35,19% ё тақрибан 212 курсиро соҳиб шуда буд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳизби ҳоким алоҳида 266 курсӣ, ҳизби мухолиф - 168 курсиро ишғол карда метавонанд. Дар баробари ин, Ҳизби ҷунбиши Миллӣ ва Ҳизби нави некӯаҳволӣ, ки аъзои «Республиканский альянс» ҳастанд, мутаносибан 51 ва 5 курсиро соҳиб мешаванд. Дар «Эътилофи мардумӣ»-и мухолифин ба ҷуз аз Ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳ, 44 курсиро «Ҳизби нек» ишғол кардааст.
Ба ин тариқ, дар парлумони ояндаи Туркия тавозуни неруҳо миёни Ҳизби адолат ва рушд ва мухолифон тақрибан 50 то 50 ва фоидаи минималӣ ба нафъи эътилофи ҳоким хоҳад буд. Ин ба он маъност, ки Ҳизби адолат ва рушд ва иттифоқчиёни онҳо метавонанд лоиҳа ва қонунҳои худро тавассути парлумон гузаронанд, аммо бо душвории зиёд; мухолифин имконияти монеъ шудан ба баъзе ташаббусҳои баҳсталаби ҳукуматро нигоҳ медоранд.
Дар мавриди интихоботи президентӣ бошад, ин ҷо вазъ бамаротиб печидатар ва ғолиб ҳанӯз ба таври ниҳоӣ муайян нашудааст. Бино ба гузориши ВВС, пас аз ҳисоби 98,55%-и варақаҳо, Эрдуғон 49,34% раъйҳоро ба даст овардааст. Рақиби аслии ӯ Камол Қиличдароғлу, номзад аз шаш ҳизби мухолифи иттиҳодияи “Эътилофи миллӣ” 45%-и овозҳоро касб кардааст.
Номзади дигари президентӣ Синан Оган 5,23% овоз гирифтааст. Ба ҷонибдории Муҳаррем Инҷе (рақиби аслии пешини Эрдуғон дар интихоботи гузашта), ки раисии Ҳизби ватанро бар ӯҳда дорад ва рӯзи 11 май эълон кард, ки номзадиашро бозпас мегирад, бо вуҷуди ин 0,43% овоз доданд.
Ба гузориши РБК, ҳарду номзади аслӣ - Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти феълӣ ва Камол Қиличдароғлу, раҳбари мухолифон, пирӯзии худро эълон карданд.
Эрдуғон бовар дорад, ки ӯ аллакай дар даври аввал пирӯз шудааст; рақибаш бовар дорад, ки муборизаи онҳо ба даври дуюм, рӯзи 28 май мегузарад ва дар ҷараёни он, ӯ гӯё ҳатман пирӯз хоҳад шуд.
Савол сари он аст, ки вазъият чӣ гуна ҷараён мегирад ва дар даври дуюм кӣ ғолиб меояд (агар он баргузор шавад).
Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки пешгӯии натиҷаҳо қариб ғайриимкон аст, зеро овозҳо тақрибан баробар тақсим шудаанд.
Аммо, ба назари ман, бояд ба назар гирифт, ки Эрдуғон ҳамчунон захираи иловагӣ дар шакли 5,23% овозҳои ба номзади дигари президентӣ - Синан Оган, намояндаи Ҳизби ростгарои ҷунбиши миллӣ додашударо дорад.
Гап сари он аст, ки аз соли 2010 инҷониб Ҳизби ҷунбиши миллӣ бо ҳизби Эрдуғон иттифоқи стратегӣ дорад. Аз ин рӯ, ба эҳтимоли зиёд Синон Оғон аз ҷонибдоронаш даъват хоҳад кард, ки дар даври дувум ба тарафдории Эрдуғон раъй диҳанд ва шояд ба ӯ фоизҳои нарасидаро барои пирӯзӣ бидиҳад.
Аз ин рӯ, ба назари ман, пирӯзии Эрдуғон дар даври дуввум комилан имконпазир аст, ӯ то ҳол довталаби асосии пирӯзӣ боқӣ мемонад.
Акнун бартарии Эрдуғон бори аввал ба ҳадде кам мешавад, ки ин аз коҳиши назарраси сатҳи маъруфияти ӯ дар байни аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Аммо бояд ба назар гирифт, ки мухолифин бори аввал дар интихоботи президентӣ ба чунин натиҷаҳо ноил шуданд. Дафъаи гузашта номзадҳои асосӣ ва мухолифони Эрдуғон дар интихобот ҳамагӣ 25% ва 12% раъй гирифта буданд.
Ин ба амиқтар шудани бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоии солҳои охир, пеш аз ҳама беқурбшавии лираи туркӣ ва қобилияти харидории аҳолӣ вобаста буд.
Аз ин рӯ, Эрдуғон аллакай дар солҳои аввали давраи наваш як давраи хеле душвор хоҳад дошт, зеро ӯ захираи маъруфияти пешинаи мардумро надорад.
Комёбиии феълии ӯ бештар ба маъруфият ва ваъдаи пардохти кумапулиҳо ва имтиёзҳои бузурги иҷтимоӣ ба аҳолӣ аст - масалан, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ӯ ваъда дода буд, ки маоши кормандони буҷетро 46% зиёд мекунад.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё Эрдуғон метавонад ба ваъдаҳо ва ӯҳдадориҳои афзояндаи худ вафо кунад, ки иҷрои онҳо дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва хароҷоти зиёди пуштибонӣ аз ҳадафҳои болоравандаи геополитикӣ хеле душвор аст?