Магомед (Муҳаммад) Евлоев, намояндаи куштии озоди Тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалии рейтингии “Ёдбуди Имре Пойяк ва Янош Варга” дар Маҷористон медали нуқра ба даст овард.
Имсол ба ҷуз Магомед Евлоев Тоҷикистонро бояд Абдулмаҷид Кудиев ҳам намояндагӣ мекард, вале бо сабаби мушкилот дар ба даст овардани раводид (виза) у натавонист дар мусобиқа ширкат кунад.
Ин мусобиқа рӯзи 17-уми июл дар шаҳри Будапешт доир шуд. Магомед Евлоев дар вазни то 79 кг бо пирӯзӣ бар се рақиби худ аз Олмон, Ҳинд ва Юнон ба финал расид, вале дар ин марҳила аз намояндаи Гурҷистон шикаст хӯрд ва соҳиби ҷои дуюм шуд.

Мусобиқаии рейтингии “Ёдбуди Имре Пойяк ва Янош Варга” ҳамасола дар Будапешт ба хотираи ду қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Маҷористон - Имре Пойяк ва Янош Варга баргузор мегардад ва дар он варзишгарон аз кишварҳои гуногун ширкат мекунанд.



