Дар мавсими ҷории мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон легионерҳо (футболбозони аз дигар кишварҳо даъватшуда) аз 12 давлат бозӣ мекунанд. Мо теъдод ва сифату маҳорати онҳоро мавриди таҳлил қарор додем.

Пешсафони мутлақ аз лиҳози теъдоди легионерҳо футболбозон аз Ӯзбекистон мебошанд, ки 21 нафар буда 24,1% аз теъдоди ҳамаи футболозони хориҷиро ташкил медиҳанд. Намояндаи асосии ин гурӯҳ нимҳимоятгар Шаҳбоз Нуриддинов аз “Хуҷанд” аст, ки 150 ҳазор евро нархгузорӣ шудааст.

Футболбозони ӯзбек маъмулан хеле тез ба шароитҳои Тоҷикистон мутобиқа гардида, тарзу усули бозии онҳо ба мактаби Тоҷикистон наздик аст. Бо назардоши ин омил, ба онҳо қариб дар ҳамаи дастаҳои Тоҷикистон ниёз доранд.

Дар зинаи дуюм аз лиҳози теъдоди легионерҳо Гана мебошад. Аз ин ҷо 18 намоянда (20,7%) бозӣ мекунанд, ки маъруфтаринашон ҳамлагари марказӣ Квадво Фимпонг аз “Регар-тадАЗ” мебошад.

 

Квадво Фримпонг
Сурат: ФФТ

Арзиши трансферии ӯ 300 ҳазор евроро ташкил медиҳад, ки яке аз гаронтарин футболбозни мусобиқоти қаҳрамонӣ аст. Ҳамлагарони африқоӣ чолоку пурқувват ва бо суръати баланд бозӣ мекунанд. Легионерҳо аз Гана якчанд бор дар Тоҷикистон нишонзанҳои беҳтарин эътироф шудаанд.

Камерун бо 16 футболбоз (18,4%) дар зинаи сеюм қарор дорад. Яке аз футболбози маъруф аз ин кишвар ҳимоятгар Тони Бикатала аз “Вахш” аст, ки нархаш дар бозор 150 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

 

Тони Бикатал
Сурат: ДФ "Хуҷанд"

Русия бо 6 футболбоз (9,2%) зинаи 4-умро касб мекунад. Русиягии аз ҳама гаронтарин дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дарвозабон Никита Жеймо аз “Хуҷанд” аст, ки нархаш 275 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.

Эронро 7 футболбоз (8,0%) намояндагт мекунанд, ки маъруфтаринашон Смёвуш Ҳақназарӣ аз “Истиқлол” буда, 225 ҳазор евро нархгузорӣ шудааст. Эрониҳо дар бозӣ сатҳи баланди омодагии тактикӣ ва техникаи хуб нишон медиҳанд.

Украина 6 намоянда (6,9%) дорад. Миёни онҳо дарвозабон Евгенй Гритсенко аз “Равшан”-и Кӯлоб бештар маъруф аст, ки нархаш 275 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон футболбозони украинӣ маъмулан дар мавқеъҳои калидӣ ҳунарнамоӣ карда, таълиму омӯзиши хуб доранд.

Дар идома Нигерия (5 бозингар, 5,7%), гаронтарин байни онҳо ҳамлагар Олаолува Ожетунде аз «Равшан» (150 ҳазор евро), инчунин Сербия (2 бозингар, 2,3%) бо дарвозабон Никола Стошич аз «Истиклол» (125 ҳазор евро) қарор доранд.

 

Нимҳимоятгар Бенҷамин Ампонсах аз Гана ( "Вахш")
Акс аз ФФТ

Чанде аз кишварҳоро 1 футболбоз намояндагӣ мекунад:

- Чад – дарвозабон Журден Мбанайссем (КМВА (ЦСКА) Душанбе, бидуни арзёбии нарх);

- Черногория – ҳамлагар Игор Вукчевич («Хуҷанд», бидуни арзёбии нарх);

- Словакия – дарвозабон Адам Ковач («Вахш», 100 ҳазор евро);

- Албания – ҳимоятгар Рудолф Туркай («Истиқлол», 100 ҳазор евро).

 

Дар ҷадвали беҳтарин нишонзанҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 5 легионер қарор доранд
Сурат: ФФТ

Таҳлил нишон медиҳад, ки дастаҳо фаъолона аз Африқо ва кишварҳои пасошӯравӣ футболбозонро ҷалб мекунанд. Ҷалби хориҷиёни босифат сатҳи лигаро баланд бардошта, лекин хавфҳо аз қабили зарурати мутобиқшавии тези бозингарон ба шароитҳои маҳаллӣ то риояи тавозуни молиявии тимҳоро низ ба вуҷуд меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.