Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз анҷоми Шӯрои машваратии нахустини имсола оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар доираҳои тиҷоратии ҷаҳон ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
«Дар ҷаласаи шӯрои имрӯза таҳти раёсати президенти Тоҷикистон барои расидан ба комёбиҳо дар ин самт заминаи мустаҳкам гузошта шуд», - гуфт ӯ.
Мавсуф зикр кард, ки фармон дар бораи мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоягузорон шароитҳои хеле мусоид фароҳам хоҳад сохт.
«Хурсандиовар аст, ки дар қатори намояндагони сохторҳои давлатӣ намояндагони бахши соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон низ узви шӯро гаштанд», - афзуд М.Хонма.
Дар ҳамин ҳол, раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева, ки яке аз аавлинҳо шуда миёни соҳибкорон узви шӯрои машваратӣ гардид, гуфт, ки аз фаъолияти шӯро умеди калон дорад. «Миёни ҳукумат ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтушуниди созанда оғоз шуд ва бовар дорем, ки минбаъд тартиби бақайдгирии шахсони хуқуқӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои гумрукӣ бамаротиб осонтар карда мешаванд», - афзуд ӯ.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста