Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб 10 гектар замини бекорхобидаро ошкор сохт
15:20, 2 август, 2008Муаллиф: Турко Дикаев
Кӯлоб. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пас аз санҷиши истифодаи замини 12 корхонаву ташкилот ҳудуди
10 гектар
замини бекорхобидро ошкор сохт, ки акнун ба фонди замини шаҳр дохил карда мешаванд.
Ба иттилои раиси шаҳр Ҳомид Абдуллоев, дар маҷмӯъ санҷиши 43 корхонаву муассиса ба нақша гирифта шудааст. «Дар замонҳои гуногун ин иншоот хусусӣ карда шуда буданд ва соҳибони нав заминҳои гирду атрофи онро низ моли худ ҳисобиданд, - идома дод ӯ. - Ин мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ буда, айни замон дар корхонае, ки коргари зиёде надорад, майдони якчанд гектар замин ҳеҷ зарурате надорад».
Мавсуф зикр кард, ки комиссия дар корхонаи «Пахтаи Кӯлоб
1,5 гектар
, дар корхони равғанкашии ширкати «Мармариён»
0,7 гектар
, дар муасссисаи нақлиётии рақами 52
2 гектар
, дар колоннаи сайёри механиконидашудаи сохтмонӣ -
4 гектар
, дар Раёсати сохтмони манзили зист -
4 гектар
ва дигар корхонаву муассисоти хурд заминҳои бекорхобидаро ошкор сохт. Корхонаҳои номбурда дар соҳили рӯдхонаи Яхсу ҷойгир шудаанд ва заминҳои он мувофиқи таъинот истифода намешуданд.
Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, санҷиши пурраи заминҳои корхонаву муассисот аз 100 то
150 гектар
заминҳои бекорхобидаро ошкор хоҳад сохт. «Ин заминҳо ба мардум барои сохтмони манзили зист дода мешаванд», - гуфт Ҳ.Абдуллоев ва афзуд, ки пеш аз ҳама, қитъаи замин ба коргарони ин муассисот, ки дар набати гирифтани замин дар мақомоти иҷроия сабт гаштаанд ва сипас ба дигар навбатгирифтагон дода мешавад.
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста