Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ба Тоҷикистон миқдори аввали тухмии гандуми дастрасшуда дар вилояти Краснодари Русия аз ҷониби Бонки исломии рушд ворид гашт.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, беш аз 490 тонна тухмии гандум чун кӯмаки башардӯстона ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи Ёддошти имзошуда миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ва Бонки исломии рушд дастрас гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи Ёддошт бонк вазоратро бо 1 ҳазору 300 тонна тухмии гандум, ки бо маблағҳои бонк дар Русия харидорӣ шуданд, таъмин месозад. Миқдори аввалини тухмӣ, ки барои кишти 800 гектар замин басанда аст, дар байни хоҷагиҳои вилояти Хатлон тақсим карда мешавад. Ояндаи наздик миқдори боқимондаи тухмӣ низ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, миёни минтақаҳои кишвар тақсим карда хоҳад шуд.
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 апрели соли 2025
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста