Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон то ҳанӯз бо ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина ҷиҳати омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо таҷҳизот шартнома ба имзо нарасонидааст.
Ёдовар мешавем, зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина иттилоъ дода шуд, ки сарвари давлат аз ин корхона боздид намуда, оид ба омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо шаш гидротурбина гуфтушунид кард.
Он замон ВАО-и Украина гуфта буданд, Тоҷикистон ба корхонаи «Турбоатом» омода сохтани 6 гидротурбина бо арзиши ҳудуди 2 млн. $ фармоиш додааст ва шартнома то ахири моҳи декабри соли гузашта ба имзо мерасд.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Барқи тоҷик ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷонибҳо то ҳанӯз сари нархи гидротурбинаҳо тавофуқ ҳосил накардаанд, зеро дар шароити бӯҳрони молӣ арзиши металл хеле поин рафт ва мутаносибан арзиши гидротурбинаҳо низ бояд поин биравад. Сарчашма оид ба додани маълумот дар бораи то кадом андоза паст шудани арзиши таҷҳизот худдорӣ кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста