Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Операторони алоқаи мобилӣ то ҳанӯз аз таъсиси Маркази ягонаи коммутасионӣ изҳори норозигӣ мекунанд.

Чанде қабл дар мулоқоти намояндагони операторони алоқаи мобилӣ ва вазорати нақлиёту коммуникатсияи ҷумҳурӣ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ намояндагони операторони алоқаи мобилӣ якдилона аз таъсиси маркази ягона дар заминаи ҶСК «Тоҷиктелеком» изҳори норозигӣ баён намуданд. Онҳо мутмаинанд, ки акнун тавассути ҶСК «Тоҷиктелеком» фишанги ягонаи назорати пурра аз болои фаъолияти онҳо ташкил мегардад.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз ин гуна изҳорот, вазорати нақлиёту коммуникатсия лоиҳаи қарори мзкурро ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат ирсол кард. Сармутахассиси шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Алиҷон Рафиев мегӯяд, асноди фаннию молии лоиҳаи пешниҳодшуда ба ҳукумат ҳанӯз таҳия нагардидааст.