“Либоси барои фарҳанги миллӣ бегона”, баргузории консерт дар “Кохи Борбад” ва муроҷиати сарояндагон, “эҳсос”-и Ибодулло Машрабов, тахриби Театри Лоҳутӣ ва табобати Нозим Меликов аз муҳимтарин масоиле буданд, ки имрӯз, 22-юми июл дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг баррасӣ шуд.
Дар нишасти матбуоти худи вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ҳузур надошт. Нишастро муовини аввали ӯ Обид Назариён баргузор намуд.
Либоси ба фарҳанги миллӣ бегона кадом аст?
Дарҳол бояд гуфт, дар Вазорати фарҳанг касе мушаххас ба ин савол посух надод. Танҳо Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, ки худ шиму костюм ба бар карда буд, кӯтоҳ гуфт, “либоси аврупоӣ ба фарҳанги мо бегона аст”.
Ӯ зикр кард, ки китоби тавсиявии либосҳои миллӣ бо тағйиру иловаҳо таҳия шудааст ва ба зудӣ ба нашр хоҳад расид. Дар он китоб намунаи либосҳои миллӣ оварда шудааст.
Дар хусуси либосҳои мардона Давлат Сафар гуфт, ки “ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар тамоми дунё дар вазорату корхонаҳо шиму костюм муқаррар шудааст, ин чизи байналмилалӣ аст, аммо бо илова намудани ягон детали зарурӣ хулосаҳо пешниҳод карда шуданд”.
Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки кадом иловаҳо ворид карда шудааст.
Ҳамин тавр, то кунун ягона мақоми расмие, ки “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро тавсиф кард, вакили парлумон Муҷибахон Ҷавҳарӣ мебошад. Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, "абаяҳо"-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, ки дар асоси қонуни нав пӯшидани онҳо манъ аст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти нави қонуни танзим “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ”, манъ шуд. Онро рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон қабул кард. Ба қонуни мазкур рӯзи 20-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ имзо гузошт.

“Арзиши баргузории консерту чорабиниҳо дар “Кохи Борбад” 250 ҳазор сомонӣ аст!”
Зимни нишасти матбуотӣ, ба суоли хабарнигори “Азия‑Плюс” дар мавриди шикояти сарояндагон оид ба иҷоза наёфтан барои баргузории корсерт дар толори “Кохи Борбад” ва нархи гарони иҷораи ин толор Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъат ва фарҳанги вазорат гуфт, муассисаи мазкур таҳти назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст ва иҷозатномаи баргузории консерт ва чорабиниҳоро ин ниҳод медиҳад.
“Ягон маҳдудият нест, дар тӯли фаъолияти 8 – солаи ман ба ҷуз як муроҷиат ҷиҳати баргузор нашудани чорабинӣ дар “Кохи Борбад” ворид шудааст. Дигар ягон муроҷиат аз тарафи ҳунармандон дар ин хусус ворид нашудааст”, ‑ гуфт Мирзоолим Саидов.
Вале ӯ таъйид кард, ки арзиши баргузории як консерт дар толори мазкур 250 ҳазор сомонӣ аст.
Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир дар ин толори бузургтарин кишвар танҳо як сароянда – Фаррух Ҳасанов консерт баргузор кард.
Сарояндаи дигари тоҷик Меҳрнигори Рустам бошад, сабаби баргузор накардани консерташро ба иҷоза дарёфт накардан аз Кохи Борбад рабт дода буд.
Тахриби Театри Лоҳутиву Чойхонаи “Роҳат”
Манучеҳр Шарифзода, муовини дигари вазири фарҳанг дар робита ба тахриби бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ гуфт, ин иттилоъ асоси воқеӣ надорад ва танҳо овоза аст.
“Театр фаъолият карда истодааст ва дар масъалаи барҳам додани он ҳоли ҳозир ягон супориш нашудааст”, - зикр намуд ӯ.
Дар хусуси тақдири Чойхонаи “Роҳат” бошад, муовини вазир ҳеҷ иттилое надод.
Бояд зикр кард, ки айни ҳол дар атрофи ин ду бинои фарҳангии пойтахт сохтмон идома дорад ва қисме аз Чойхонаи “Роҳат” тахриб шудааст.
Дар хусуси баҳси тахриби Чойхонаи “Роҳат” дар ин матлаб иттилои бештар дастрас аст: Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст.

Обид Назариён: Ибодулло Машрабов “ба эҳсос дода шуда” дағалгуфторӣ кардааст
Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанг дар хусуси кирдори коргардони тоҷик ва таҳиягари аксар чорабиниҳои давлатӣ Ибодулло Машрабов изҳори назар карда гуфт, ки масъалаи мазкур дар Вазорати Фарҳанг муҳокима шудааст.
“Ҳар як ҳунарманд ба эҳсосот дода мешавад, шояд дар ҳамон замон худашонро дошта натавонистанд”, ‑ гуфт Назариён.
Ӯ гуфт, шахсияти нафаре, ки муносибати дағалонаи Ибодулло Машрабовро сабту паҳн кардааст, муайян нест.
Назариён ин ҷараёнро як “муаммо” ҳисобида, зикр кард, ки “ин масъала муҳокима гардид, аммо ин маънои онро надорад, ки устод ягон хел сарзаниш шуда бошанд. Лекин дар оянда пеш аз оғоз кардани ин ё он чорабинӣ аз тарфи роҳбатияти вазорат ба ҳунармандон гуфта мешавад, ки этикаи муомила бо иштирокчиёнро ба назар бигиранд”.
Бояд гуфт, сухан аз наворе меравад, ки чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он муносибати дағали нафари ба Ибодулло Машрабов шабеҳ дида мешавад. Худи Ибодулло Машрабов дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфта буд, ки “ягон гапи безеб нагуфтам” ва “бояд сахтгир бошам”.
Табобати ҳунарманд Нозим Меликов то ҳол шурӯъ нашудааст
Дар посух ба суоли хабарнигори “Азия‑Плюс” дар хусуси табобати ҳунарманд Нозим Меликов, ки қаблан Вазорати фарҳанг харҷи табобатро ба ӯҳда гирифта буд, Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъат ва фарҳанги вазорат гуфт, ки роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии алоҳӣ ин масъаларо матраҳ карданд ва ба сафири Тоҷикистон дар Эрон низ иттилоъ дода шудааст.

Ӯ гуфт ин масъала “роҳи ҳали худро ёфтааст ва дар як вақти мувофиқ устодро барои табобат мефиристанд”. Аммо ӯ замони оғози табобати Нозим Меликовро дақиқ нагуфт ва зикр намуд, ки вақту замони дармонро пизишкон муайян мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Нозим Меликов, ҳунарманди шинохта ва коргардони номдори тоҷик, 14 сол инҷониб гирифтори бемории паркинсон мебошад ва ҳоло бемориаш беш аз пеш хуруҷ кардааст. Рӯзи 5‑уми апрел дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз вазъияти Нозим Меликов хабар доранд ва “дар доираи имкониятҳои вазорат” ба мавсуф ёрӣ мерасонанд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста