ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ДЕКАБР
Соли 1995 - рӯзноманигор Муҳиддин Олимпур дар Душанбе ваҳшиёна кушта шуд.
Ӯ аксбардор, муаллифи китобҳои “Раҳнамои суратгир” ва “Муҳиддини Олимпур - Бинишвари тоҷик” буда, садҳову ҳазорҳо аксҳои бардоштаи ӯ аз намояндагони илму адаби саросари дунё дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои мухталиф нашр шудаанд.
Ӯ ҳамчун журналист сермаҳсул буда, солҳои 1988-1991 барномаи овозадори Телевизиони Тоҷикистон - “Ситораҳои Шарқ”-ро пеш мебурд. Аз охири соли 1989 то интиҳои умраш барои бахши форсии радиои “BBC” аз авзои Тоҷикистон, бахусус бахши фарҳангӣ хабар пӯшиш медод. Инчунин, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр фаъолият кард ва қариб дар ҳар шумора аксу матолиб, хабар, гузориш, мақола, мусоҳибаҳояш ба нашр мерасиданд.
Рӯзноманигорро ба таври фоҷеабор шаби 12-уми декабри соли 1995 ба қатл расонданд ва асрори қатли ӯ то имрӯз яке аз мавзӯъҳои баҳсталаби матбуот боқӣ мемонад.
Соли 2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюми муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” баргузор шуд.
Соли 2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид
Соли 2011 – Президенти Тоҷикистон аз ширкатҳои Siemens ва Bosch боздид намуда, бо Олмон се санад ба имзо расонид.
Соли 2001 – дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади “Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон" оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.
Соли 2010 – дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Шуро оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2018 – Иван Поляков, Муррабии шоистаи Тоҷикистон ва қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дар намуди гӯштини юнониву румӣ ва тарзи озод баъди дучори ҳамла ва латукӯби ғоратгарон шудан дар 82-солагӣ дар бемористони Қарияи боло аз олам даргузашт.
Шаби 8-уми декабр як гурӯҳ ашхоси номаълум ба манзили Иван Поляков дар шаҳри Душанбе ҳамла намуда, ӯро шадидан латукӯб ва аз манзилаш 2800 сомонӣ, як бухориву телефон ва чанд чизи дигарро дуздида буданд. Ҷасади Поляковро шогирдонаш пайдо карда, ба бемористони Қарияи боло бурданд, вале табибон ӯро натавонистанд наҷот диҳанд.
Соли 2019 – Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамаи бонкҳои кишварро вазифадор кард, ки соатҳои кории худро то соати 19:00 тамдид кунанд, то мизоҷон имкони истифода аз хизматрасониҳои интиқоли пулӣ пайдо кунанд.
Соли 2023 – Бинои нави “Телевизиони Сафина” ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи ин бино дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ нуктаи ташкили радиои “Сафина” низ баён гардида буд.
Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе китоби Фаҳим Даштӣ, рӯзноманигор ва яке аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон бо номи “Дуру наздики Омир соҳиб” рӯнамоӣ гардид. Даштӣ дар ин китоб суҳбатҳои Аҳмадшоҳи Масъуд, муқовимати аввал алайҳи Толибон ва терроризми байналмилалиро тасвир кардааст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1826 – Зодрӯзи Аҳмади Дониш, нависанда, шоир ва маорифпарвари тоҷик.
Номи ӯ Аҳмад ва тахаллуси илмию адабиаш “Дониш” аст. Дар осори баъзе ҳамзамононаш бо номи Аҳмад-махдум низ ёд мешавад.
Аҳмади Дониш бо афкор ва осори маорифпарварии худ дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX таъсир ва мақоми намоён дорад. Аҳмади Дониш на танҳо олим ва мутафаккир, балки нависанда ва суханвари ҳунарманд низ буд. Ӯ дар асарҳои бадеии худ майли вуқӯъгӯиро дар адабиёти асрҳои пешин давом дод ва дар усулу услуби бадеӣ, дар мазмуни ғоявӣ роҳи наве вазъ намуд, ки он адабиёти маорифпарварӣ ном гирифт. Асари машҳури ӯ “Наводир-ул-вақоеъ” буда, аз 23 боб иборат буда, қуллаи баланди эҷодиёти ӯ дониста мешавад.
Соли 1916 – Мавлуди Нериё Аминов, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон
Нериё Аминов яке аз сарояндагони хуби савту навоҳои “Шашмақом” ва сурудҳои классикию халқӣ ба шумор меравад. Сурудҳои “Ба Ватан”, “Дили мо”, “Эй бодапарастон”, “Аҳду вафо”, “Дубарга”, “Ошиқам”, “Савти Сабо”, “Дугоҳ” аз сурудаҳои маъмули Нериё мебошанд. Ӯ мусаннифи беш аз сад суруду тарона аст.
Соли 1924 – Зодрӯзи Рауф Додобоев, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
Рауф Додобоев ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муаллими хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон буда, чанд навбат дар ҶШС Тоҷикистон вазири маориф буд. Ӯ дар мавриди тарбияи коммунистии ҷавонон чанд асару монография таълиф кардааст. Ба хотири гиромидошташ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаби миёнаи № 38 ба номи Рауф Додобоев гузошта шудааст.
Соли 1936 – мавлуди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, имоми ҳозири шиъиёни исмоилии низорӣ
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Ӯ 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ аст, ки пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон, дар 20-солагӣ ва дар 11 июли 1957 ба имомат расид.
Оқохон яке аз сарватмандтарин мусалмонони ҷаҳон аст ва ҳамакнун 32-умин фарди сарватманди Инглистон ба шумор меравад. Вай сармояи зиёдеро дар нуқоти фақир ва дурафтодаи дунё харҷ карда ва мекунад.
Оқохони IV солҳои 1995, 1998 ва 2008 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада буд. Ӯ Барномаи рушди (MSDSP)-ро дар ин минтақа бунёд кард ва бунёдгузори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки марказаш дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аст.
Соли 1968 – Зодрӯзи Озар Салим, Шоири халқии Тоҷикистон
Озар Салим яке аз шоирони хушноми муосир буда, шеърҳои тозаву ноб меофарад. Нахустин маҷмӯаи ашъораш “Намози бедорӣ” ном дошта, соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмӯъаҳои “Як саҷда гул” , “Сарви дуо”, “Ирфони ҳино”, “Гуфтугӯйи нахлу моҳ” низ чакидаҳои қалами ӯянд. Шеъри “Модар фаришта буд”-и ӯ дар Тоҷикистон хеле маъруф буда, аз ҷониби сарояндагони зиёд оҳанг баста шудааст. Ӯ соли 2003 ба узвияти иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Соли 1983 – Мавлуди Абдукарим Машраб, ҳунарпешаи театру синамо, овозхон
Абдукарим Машраб соли 1983 дар хонадони ҳунарманд Ибодулло Машраб ба дунё омадааст. Фаъолияти ҳунариашро аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз намуд. Айни ҳол директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аст.
13 декабри соли 1642 аввалин маротиба аврупоиҳо бо киштии баҳрнаварди голландӣ Абел Тасман ба Зеландияи Нав қадам гузоштанд. Ин заминҳо моликияти шоҳ Георги III эълон карда шуданд. Аз соли 1840 то соли 1907 ин кишвар мустамликаи Бритониё буд. Аз Соли 1907 Зеландияи Нав расман дар ҳайати Бритониё худмухтор ҳисобида мешуд. Соли 1931 ҳуқуқи мустақилият дар корҳои беруна ва дохилиро пайдо кард. Ҳоло Зеландияи Нав як кишвари мустақил дар ҳайати иттиҳоди Бритониё аст.
13-уми декабри соли 1971 дар Маскав нахустнамоиши филми мазҳакавии “Джентльмены удачи” баргузор шуд. Дар филм ситораҳои синамои шӯравӣ Евгений Леонов, Георгий Витсин, Савелий Крамаров, Раднер Муратов нақшҳои асосиро иҷро карда буданд.
ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 13 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, рӯзона -1+4º
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 8+13º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8º сард, рӯзона 1+6º гарм
Дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард, рӯзона -1+4º
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм; дар шарқи вилоят шабона 25-30º сард, дар баъзе минтақаҳо то 36-38º сард, рӯзона 11-16º сард
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 9+11º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 11+13º гарм
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш
Ҳарорат: шабона 10-12º сард, рӯзона 3-5º сард
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста