ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 17 АПРЕЛ

- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов намоишномаи “Қисмати зан”-и Х. Дадаҷонов аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ба намоиш гузошта мешавад.

- Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Пушаймонӣ”-и М.Ахмедов аз ҷониби Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд ба саҳна гузошта мешавад.

- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи “ЯЛ”-и У.Хисрав аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ намоиш дода мешавад.

- Дар маҷмааи “Истиқлол”-и пойтахт бахшида ба 100-солагии шаҳри Душанбе намоиши аксҳои Душанбе идома дорад. Он 16 апрел оғоз гардид ва дар он 100 акси Дидор Саъдуллоев, аксбардори маъруфи тоҷик, ки мавзеъҳои гуногуни пойтахт инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Намоиши аксҳо то19-уми апрел идома мекунад.

- Дар толори №3-уми Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи тасвирҳои барқароршудаи рассомони шӯравӣ, ки тасодуфан дар анбори бинои кӯҳнаи осорхона вақти кӯчидан дар соли 2022 пайдо шуданд, баргузор мегардад. Давоми се сол ин тасвирҳо дар раванди барқарорсозӣ қарор доштанд ва акнун барои тамошо ба мардум пешкаш гардидаанд.

- Дар ошёнаи сеюм, дар толори №1-уми Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасвирҳои рассомони муосири тоҷик дар мавзӯи "Роғун – манбаи нур" намоиш дода мешаванд. 

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 АПРЕЛ

Соли 1998 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2003 – Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи чораҳои иловагӣ барои татбиқи Қонун “Дар бораи авф намудани шаҳрвандон вобаста ба қонунӣ намудани маблағҳои пулии онҳо” қарор қабул кард.

Соли 2016 – Вазорати корҳои хориҷии ИМА бори аввал Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо озодиҳои мазҳабӣ поймол мешаванд.

Соли 2018 – Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб  дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Соли 2019 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси “Бунёди рушди пойтахти Тоҷикистон” қарор ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1914 – Зодрӯзи Фотеҳ Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

Фотеҳ Ниёзӣ

Фотеҳ Ниёзӣ яке аз нависандагони забардасти тоҷик буда, соли 1934 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) омадааст. Ӯ дар рӯзномаҳои “Барои маорифи коммунистӣ” (баъд – “Газетаи муаллимон”, ҳоло “Омӯзгор”), “Тоҷикистони Сурх” фаъолият кардааст.

Моҳи декабри соли 1941 ихтиёран ба Ҷанги бузурги Ватанӣ рафта ва маҳз ширкаташ сабаб шуд, ки чанд асар дар ин мавзуъ таълиф кунад.

Махсусан, романи аввалини ӯ “Вафо”, ки ба форсӣ баргардон ва русӣ тарҷума шудааст, воқеаҳои солҳои ҷангро дар бар мегирад. Баъдан қиссаҳои “Димаи диловар”, “Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг”, “Духтари ҳамсоя” ба табъ расиданд. Романҳои ӯ “Ҳар беша гумон мабар, ки холист….”, “Сарбозони бесилоҳ” тасвири манозири ҷангро идома додаанд.

Драмаи “Кӯпрук” аз тарафи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ борҳо пешкаши тамошобинон гардидааст. Дар асоси филмномаҳояш филмҳои ҳунарии “Духтари сеюм”, “Оилаи Ғаюровҳо” ба саҳна омадаанд.

Фотеҳ Ниёзӣ 1-уми сентябри соли 1991 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1928 – Мавлуди Маҳмадалишо Ҳайдаршо, шоир, тарҷумон ва фелетоннависи тоҷик.

Маҳмадалишо Ҳайдаршо

Ҳайдаршо Маҳмадалишо баъди хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси муаллим фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашт ва аз соли 1974 муҳаррири калони моҳномаи “Коммунисти Тоҷикистон” буд.

Ӯ аз аввали солҳои 50-ум ба гуфтани шеър оғоз намуд. Ашъори ӯ дар маҷмуаҳои “Ҳамсинфони ман”, “Садои баҳор”, “Бачаҳои Москва, “Гулхандаи замин”, “Дарё омад”, “Помири ман”, “Баёзи сангин” гирд омадаанд.

Инчунин ӯ муаллифи китоби ҳаҷвии “Хористони Хорпуштак” аст. Шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳои дигари ӯ дар маҷаллаҳои “Хорпуштак” ва ҳафтаномаи “Мушфиқӣ” ба табъ расидаанд.

Соли 1938 – Зодрӯзи Бозор Назриев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор ва яке аз поягузорони оптикаю спектроскопия дар Тоҷикистон.

Соли 1941 – Мавлуди Меҳрӣ Исҳоқбоева, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон.

Соли 1960 – Зодрӯзи Раҳмоналӣ Шарифов, олим, бостоншинос ва таърихшиноси тоҷик, муаллифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1963 – Мавлуди Суҳроб Шарифов, арбоби сиёсати Тоҷикистон, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Суҳроб Шарипов

Суҳроб Шарифов соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намуда, сипас то соли 1993 дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил намудааст. Фаъоляити меҳнатиаш аз ҳамин даргоҳ оғоз гардид ва то соли 1998 кор кард.

Соли 1998 ба ватан баргашта, то соли 2001 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсат, солҳои 2001-2003 дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, солҳои 2003-2005 ёрдамчии Президенти Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Суҳроб Шарифов соли 2005 директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2011 дар ин вазифа кор кард. Аз соли 2011 то дами марг вакили палатаи поёнии парлумони кишвар буд.

Номбурда 19 январи соли 2015 дар синни 51-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 1966 – Мавлуди Бурҳониддин Тӯраев, забоншинос, номзади илмҳои филологӣ.

Соли 1991 – Муқадlас Маҳмудов, ҳунарпешаи театр ва коргардони синамо дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 18 апрел дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ таҷлил мегардад.


Ин рӯз, ки ҳамчун Рӯзи мероси ҷаҳонӣ низ шинохта шудааст, соли 1982 аз ҷониби Ассамблеяи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ (ICOMOS) таъсис ёфтааст ва бо пуштибонии ЮНЕСКО таҷлил мешавад.

Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангии ҷаҳон аст. Ин рӯз ҳамчунин имконият медиҳад, то мардум бо гуногунрангии мероси ҷаҳонӣ шинос шаванд ва дар бораи талошҳое, ки барои ҳифзи он анҷом дода мешаванд, бештар огоҳ гарданд.

18 апрели соли 1902 дар ҷаҳон бори аввал гирифтани изи ангушт (дактилоскопия) барои шиносоии ҷинояткор истифода гардид. Ин дар Дания рух дод.


Дактилоскопия – усули шиносоии шахс тавассути изи ангушт, ки бар пояи намунаи нодири рахҳои пӯсти ангушт асос ёфтааст. Ин намунаҳо дар тӯли умр тағйир намеёбанд ва баъди осеб ҳам барқарор мешаванд. Имрӯз дактилоскопия барои ҳимояи маълумоти рақамӣ ва тасдиқи шахсият васеъ истифода мешавад.

18 апрели соли 1906 дар натиҷаи заминларза як қисми шаҳри Сан-Франсиско хароб гардид. Соати 5:11 субҳ зарбаи аввал ба амал омад. Пас аз он зарбаи дуюм, ки пурқувваттарин ва вайронкунандатарин буд. Дар натиҷаи зарбаи 40-сониягӣ, ки 8,3 баллро ташкил медод, бисёре аз биноҳои чандқабата фурӯ рехтанд ва кӯчаҳо шаклашонро иваз карданд. Шаҳри зебо дар чанд сония ба харобазор табдил ёфт.


Ҳамасола 18 апрел Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи таъсиси Иттиҳоди байналмилалии радиодӯстдорон дар соли 1925 дар Париж рост меояд.


Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии жонглёрҳо таҷлил мешавад. Ин ҳунар дар замони қадим низ маълум буд. Дар мақбараи фиръавни Миср Хнумхотеп II (Бени-Ҳасан) тасвирҳое ёфт шудаанд, ки духтарон бо тӯбҳо жонглёрӣ мекунанд.

Нависандаи Юнони Қадим Ксенофонт аз раққосае менависад, ки бо 12 ҳалқа жонглёрӣ мекард, дар ҳоле ки Лан Зии чинӣ бо 7 шамшер ҳунарнамоӣ мекард.


Баъдан, жонглёрҳоро ҳатто ҳамчун ҷодугар таъқиб мекарданд. Танҳо дар охири асри XVIII бо пайдоиши сирки аввалин, ин ҳунар расман эътироф шуд. Имрӯз садҳо клубҳои жонглёрӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии жонглёрҳо ва Федератсияи ҷаҳонии жонглёрӣ фаъолият доранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4+9º то 0+2º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 2+4º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок, баъзе ҳолатҳо борон борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.