Рӯзи шанбеи 26-уми апрел дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе маросими оғози мавсими саёҳати дохилӣ барпо гардид. Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорону блогерон барои иштирок дар хатсайрҳои саёҳатӣ ба самтҳои мухталифи Тоҷикистон ҷалб шуданд.
Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ба таъкиди ин ниҳод, бо мақсади татбиқи супоришҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Баъди маросими расмии ифтитоҳ, сайёҳони дохилӣ ба маконҳои сайёҳии кишвар сафар карданд.
Мо аз ҷумлаи онҳое будем, ки хатсайри Душанбе - Норак - Данғара - Темурмалик - Балҷувон - Ховалинг – Муъминобод – Кӯлоб – Восеъ – Душанберо интихоб кардем.
Хатсайри мазкур фарогири маҷмӯи зиёди мавзеъҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб буда, аз ҷумла боздид аз шаҳри бостонии Кӯлоб ва маконҳои таърихии атрофи онро дар бар мегирад.
Дар масири сафар, ки ду рӯз – 26 ва 27-уми апрел ҷараён гирифт, нахуст аз Норак ва маконҳои тамошобоби он дидан кардем. Бояд гуфт, Норак яке аз шаҳрҳои зебо ва барои сайёҳон ҷолиби кишвар аст. Дар ин шаҳр на танҳо яке аз бузургтарин НБО сохта шудааст, ҳамчунин, обанбори он хеле диданӣ аст.
Бозори сарироҳии ин шаҳр, ки пур аз гиёҳу меавои баҳорӣ аст, дилхоҳ сайёҳро ба сӯйи худ ҷалб мекунад. Дар ин макон метавон хӯроки миллӣ ва моҳибирёни болаззат хӯрд.

Нуқтаи дигар дар ин масир, ноҳияи Данғара буд. Чойхонаи “Хуррамшаҳр”, ки таҷассумгари ҳунари волои кандаккории тоҷик аст, ба ҳусни ин шаҳр зам кардааст. Роҳҳои ҳамвору зебо ва ҷароғони ин шаҳр аз суръати баланди ободонӣ дарак медиҳад.
Майдонҳои лолазори Данғара, ҳазорон сокинону сайёҳонро ба сӯйи худ кашидааст. Дар миёни лолазор, кас худро фориғ аз ташвиши рӯзгор ва болидарӯҳ эҳсос мекунад.
Баъди тамошои Данғара, мо ба ноҳияи Балҷувон рафтем. Балҷувон маконҳои зиёди тамошобоб дорад, аммо эътироф бояд кард, ки зиёратгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ машҳуртарини онҳо аст. Мо ҳам ба ин ноҳия рафта, аз ин макон дидан нокарда наметавонистем.

Тибқи маълумоте, ки масъулини зиёратгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ироа карданд, ӯ дар давраи ҷавонӣ дар Самарқанд, Ҳирот ва Язд зиндагӣ карда, 25 соли охири ҳаёти дарвешонаи худро дар деҳаи Моҳони Кирмон гузаронидааст. Ӯ дар дарбори темуриён, махсусан Шоҳрух эътабори зиёде дошт.
Ба Шоҳ Неъматуллои Валӣ рисолаҳои бисёри тасаввуфиро нисбат медиҳанд, вале асари асосии ӯ “Девони ашъор” аст, ки дар байни аҳли мутасаввифа маълуму машҳур аст. Мазмуни ашъори сӯфиёнаи ӯро бештар масъалаҳои ваҳдати вуҷуд, марҳилаҳои тараққиёти солик ва ғайра дар бар мегиранд. Ғазалҳои ӯ аксар мазмуни ирфонӣ доранд. Ҳатто гуфта мешавад, ки Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалсароӣ пайрави Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ будааст.
Дар ноҳияи Ховалинг аз “Осорхона Восеъ” дидан намудем. Ин осорхона дар мавзеи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст. Дарае бо боду ҳаво ва табиати дилнишин.
Бояд гуфт, Восеъ қаҳрамони воқеӣ буд, ки алайҳи истибдоду беадолатии замони худ мубориза бурдааст. Ӯ дар Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Дар бораи корномаи ӯ бо номи “Ашк ва шамшер” филм ҳам сабт шудааст.
Соли 1988 ба муносибати ҷашни 100-солагии шӯриши Восеъ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои арзанда дар роҳи меҳанпарастӣ, озодихоҳии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик дар ин мавзеъ “Боғ-осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ” таъсис дода шуд. Дар ин осорхона ҷувозхона, боқимондаҳои хонаи Восеъ ҳифз шудааст.
Макони дигари сайёҳи дар ноҳияи Ховалинг Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аст. Он дар масофаи 18 км дар қисмати шимолии ноҳияи Ховалинг, дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон воқеъ гардидааст. Ин мавзеи таърихӣ бо табиати зебо, чашмаҳои зулол, гулу гиёҳҳои шифобахш ва парандагони нодир машҳур мебошад. Мақбари Султон Увайси Қаранӣ бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 пурра азнавсозӣ карда шуд.
Сарчашмаҳои таърихӣ Султон Увайси Қараниро аз наздиктарин ёрони паёмбари ислом медонанд. Қиссаву ривоятҳо дар мавриди ин шахсият низ зиёд аст. Манзалати ӯ назди Худо ва Расули ӯ пас аз рияоти ҳақ ва ба ҷо овардани эҳтироми
модар баланд мегардад. Ҳатто пас аз марг, пайёмбари Худо васият кардааст, то хирқаи ӯро ба Султон Увайс ба мерос бидиҳанд.
Ҳоло ба ин мавзеъ ҳазорон сайёҳ аз дохилу хориҷ меоянд ва зиёрат мекунанд.
Дар рӯзи дуюм, ба мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод раҳсипор шудем. Он дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат буда, дар натиҷаи шамолҳои тӯлонӣ суфта шудаанд, ки ба сурати одамон монанданд. Ин маконро манзараҳои зебои кӯҳӣ ва табиати нотакрор иҳота кардааст. Он яке аз маконҳои маъруфи сайёҳии ноҳияи Муъминобод ба шумор меравад. Солҳои охир барои беҳтар кардани инфрасохтори ин макон, аз ҷумла роҳҳо ва ҷойҳои истироҳат тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Инчунин, барои меҳмонон экскурсияҳо ташкил карда мешавад. Чилдухтарон яке аз рамзҳои табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон буда, ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад.

Дар шаҳри Кӯлоб бошад, аз оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан намудем. Ӯ аз ахтари дурахшони дунёи маънавӣ, ҳакими ориф, адиби нозукхаёл, мутафаккири нуктасанҷ буд, ки бо тахаллуси Амири Кабир, Алии Сонӣ, маъруф ба Шоҳи Ҳамадон ва ҳазрати Амирҷон низ маъруф аст. Мир Сайид Алии Ҳамадониро сарнавишти аҷибу пурифтихоре насиб гардидааст. Вай зодаву парвардаи Ҳамадони Эрон буда, азизи Тоҷикистон, ифтихори Ҳинду Покистон ва писандидаи Афғонистон мебошад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърро воситаи муносибу мувофиқи баёни андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқиву иҷтимоии худ қарор дода, ҳамчунин дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷику форс хизмати шойистаеро ба анҷом расонидааст.
Ва имрӯз оромгоҳи ӯро сайёҳон на танҳо аз Тоҷикистону кишварҳои дигар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин аз Эрону Афғонистону Ҳинду Покистон низ зиёрат мекунанд.
Бо ҳамин сафари мо ба маконҳои сайёҳии хатсайри минтақаи Кӯлон анҷом ёфт ва мо бо як ҷаҳон тассуроту эҳсосоти ҷолиб ба Душанбе баргаштем.
Дар охир, ба масъулини Кумитаи рушти сайёҳӣ, ки ин саёҳатро бо ҳадафи муаррифии бештари мавзеъҳои сайёҳии кишвар ва ҷалби сайёҳон ташкил кард, бори дигар ташаккур мегӯям.